Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз ватани бобоии худ - Ирландия дидан мекунад


Пули Патрики муқаддас дар Корки Ирландия
Пули Патрики муқаддас дар Корки Ирландия
Президент Барак Обама сафарҳои аврупоии худро имрӯз аз дидору мулоқот дар Ирландия шурӯъ мекунад. Як бахши сафари раҳбари ИМА аз боздиди рустои Монигол иборат мешавад, ки зодгоҳи яке аз аҷдододи Обама мебошад. Модари Обама хуни ирландиву амрикоӣ дорад.

Дар пайи ин сафар, рӯзи сешанбе ӯ ба Бритониё рафта, меҳмони малика Елизавета мешавад. Дар Фаронса шоми сешанбе ӯ дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи G-8 шуда, баъдан бо боздиди Полша силсиласафари аврупоии худро хотима медиҳад.
XS
SM
MD
LG