Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама қатлҳои навро сарфи назар намекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мусоҳибааш бо ББС гуфт, дар сурати дар хоки Покистон мушаххас шудани маҳалли будубоши раҳбарони аршади Ал-Қоида ё Толибон боз ҳам ба амалиёти қатли онҳо амр хоҳад дод. Барак Обама дар посух ба ин суол, ки агар маҳалли будубоши раҳбарони Ал-Қоида ё Мулло Умар дар Покистон ё ягон кишвари дигар маълум шуд, чӣ хоҳад кард, гуфт, дар сурати зарурат ба иқдомоти якҷониба иҷозат хоҳад дод: “Кори мо ҳифзи Амрикост. Мо ба истиқлоли Покистон эҳтироми тамом қоил ҳастем. Вале мо наметавонем бидуни он ки даст ба баъзе иқдомҳо бизанем, ба касе, ки ба таври фаъолона нақшаи куштани мардуми мо ваё раияти муттаҳидини моро мекашад, иҷозат бидиҳем, ки ин нақшаҳои худро ба самар бирасонад.”
Сухангӯи раисиҷумҳури Покистон дар посух тамаркуз ба ҳамкориро беҳтар аз иқдомҳои якҷониба номид. Раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодин рӯзи 2 май дар дохили Покистон аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG