Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони дифои се кишвари ОМ дар Бишкек


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Бишкек мулоқоти вазирони дифои Қирғизистон Абибилдӣ Кудайбердиев, Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва Қазоқистон Адилбек Ҷаксибеков баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазортаи дифои Қирғизистон хабар додааст. Ҷонибҳои мулоқот омодагии худро ба ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннӣ изҳор доштаанд. Вазирон ҳамчунин дар бораи масъалаҳои амниятии минтақа низ табодули назар кардаанд.
XS
SM
MD
LG