Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди энержӣ садде дар роҳи барномаҳои рушди ҳазора


Имрӯз Ҳелен Кларк-муовини аввали Дабири кулли СММ ва мудири Баронмаи рушди СММ баъд аз мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, Тоҷикистон ба сармоягузориҳои бештар дар бахши маорифу беҳдошт ниёз дорад. Вай афзуд, камбуди энержӣ имкон намедиҳад, ки барномаҳои рушди ҳазора дар Тоҷикистон ба таври комил татбиқ шавад. Хонум Кларк баъд аз боздид аз Қирғизистону Қазоқистон барои боздиди серӯза вориди Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG