Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои муовини аввали Дабири кулли СММ дар Душанбе


Рӯзи ҷумъа Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳелен Кларк-муовини аввали Дабири кулли СММ ва мудири Баронмаи рушди СММ дар Душанбе мулоқот ва барномаҳои рушди СММ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо дар бораи ҳадафҳои рушди ҳазора, барномаҳо барои солҳои 2010-2015 ва тақвияти тавонмандии Тоҷикистон дар баробари хатарҳои кунунӣ гуфтугӯ карданд. Хонум Кларк баъд аз боздид аз Қирғизистону Қазоқистон вориди Тоҷикистон шудааст ва боздидаш се рӯз идома меёбад. Дар назар аст вай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG