Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия бештар аз 30 нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар тирандозии нируҳои амниятии Сурия ба сӯи тазоҳуркунандагон бештар аз 30 нафар кушта шудаанд. Хунрезӣ замоне рух додааст, ки рӯзи ҷумъа дар саросари ин кишвар мардум бар зидди саркӯбии тазоҳуркунандагон аз сӯи низомиён ба эътироз баромаданд. Фаъолон мегӯянд, дар шаҳраки Маъорет ал-Нӯъмон дастикам 12 нафар ва дар шаҳри Ҳомс 11 нафар кушта шудаанд. Рӯзи ҷумъа курдҳои Сурия низ ба тазоҳурот баромаданд ва “озодӣ” шиор медоданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аз моҳи март, яъне аз оғози тазоҳуроти зидди режими Башор Асад то ҳол бештар аз 800 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG