Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки исломӣ ба Данғара об мебарад


Навбати дуввуми обёрии заминҳои шӯрзадаву бекорхобидаи ноҳияи Данғара оғоз шудааст.

Барои иҷрои ин тарҳ наздик ба 16 миллион доллар сармояи Бонки исломӣ ва давлати Кувайт ҷалб шудааст.

ДАНҒАРА ШОДОБ МЕШАВАД

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, барномаи давлатии азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор аст, то чанд соли оянда, марҳила ба марҳила иҷро гардида, зиёда аз 100 ҳазор ҳектор замини бекорхобидаи ноҳия обёриву барои киштукору зиндагӣ истифода шавад: «Обёрии навбати дуввуми заминҳо дар соли
оянда ба итмом бояд расад. Мо аз ҳоло барои дарёфти сармоя ба навбати саввуми обёри заминҳо корро сар кардаем, чун таҷриба нишон медиҳад, ки лоиҳаҳое, ки дастгирӣ меёбанд, амалиёти бонкию ихтисоси маблағҳо то 1-2 сол давом мекунад. Аз ин рӯ, намехоҳем, ки иҷрои барнома ба таъхир афтад. Ин навбат ҳам албатта сармояи хориҷӣ бояд ҷалб шавад. Ҳоло бо Ҷумҳурии мардумии Чин гуфтушунидҳо доир ба ин масъала ҷараён доранд. Ҳадафи асосӣ аз обёрии заминҳо, таъмини заминҳои кишоварзӣ аст. Мо ҳамроҳ бо вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба нақша гирифтем, ки аз усулҳои нави обёрӣ дар боғу дигар заминҳои кишоварзӣ кор бигирем…»

Раиси ноҳияи Данғара афзуд, барои иҷрои марҳилаи якуми Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои ноҳия, наздик ба 10 миллион доллари амрикоӣ сармояи давлати Туркия ҷалб ва масраф шудааст.

ХОНАВОДАҲОРО БА ДАНҒАРА КӮЧ МЕДИҲАНД


Дар солҳои 2008-2009 аз ҳисоби заминҳои нави обёришуда барои қариб 300 хонавода аз ноҳияи Дарвози Бадахшон ва мавзеъҳои осебпазиру хавфовари минтақаи Рашту Роғун қитъаҳои замин ихтисос ёфта, онҳо ба ноҳияи Данғара кӯч дода шудаанд.

Дар марҳилаи дуввуми барномаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, наздик ба дуюним ҳазор ҳектор замин обёрӣ хоҳад шуд. Бо обёрӣ шудану мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои нави Данғара, низ афзоиши шумораи аҳолии маҳаллӣ дар назар аст. Ба иттилои мақомоти ҳукумат, аз ҳисоби заминҳои тоза обёришуда ба даҳҳо хонавода, ки феълан дар мавзеъҳои хатарзое, мисли атрофи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин водии Рашт, ба сар мебаранд, қитъаҳои замин ихтисос дода хоҳад шуд.

Аммо мақомоти ҳукумат нагуфтанд, ки оё ин хонаводаҳо иҷборан ё ихтиёран ба заминҳои нави Данғара мекӯчанд. «Дар ин бора танҳо пас аз обёрӣ шудану мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои бекорхобида тасмим гирифта хоҳад шуд», - мегӯяд раиси ноҳияи Данғара.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ барномаи давлатие вуҷуд доштааст, ки баъди обёрӣ шудани даҳҳо ҳазор ҳектор замини Данғара, қаламрави ин ноҳия ба ду тақсим мегардад, яъне ноҳияи наве таъсис дода хоҳад шуд, ки сокинонаш аслан аз муҳоҷирони дохилӣ иборат мешавад.

ТАЪСИСИ НОҲИЯҲОИ ҶУДОГОНА ПАС АЗ ОБЁРӢ?


Тӯлқин Хоҷа, коршиноси маҳаллӣ аз ноҳияи Данғара, мегӯяд, баъди обёрӣ шудани заминҳои нави ноҳия, ҳосилнокии кишту зироат дар қиёс бо заминҳои лалмӣ то 20 маротиба афзун хоҳад шуд ва даҳҳо ҳазор нафар бо ҷойи кору макони зиндагӣ таъмин хоҳанд шуд: «Баъзе заминҳое, ки нерӯи корӣ, дасти корӣ намерасанд, аз Дарвоз ва мавзеъҳои атрофи сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки зери об мемонанд, муҳоҷир шуда омаданд ва ҳоло кор карда истодаанд. Ҳамин барномаи обёрии заминҳои Данғара танҳо 15 дарсади обёрии нақшавии даврони Шӯравиро ташкил мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки об фаровон асту бо роҳи худаш омада истодааст. Мувофиқи барнома ва нақшаи давраи Шӯравӣ, дар Данғара пас аз обёрӣ шудани заминҳои бекорхобида, бояд 2 ё 3 ноҳияи ҷудогона таъсис дода мешуд. Шояд дар оянда, вақте ки ҳамин заминҳои зери назар пурра мавриди истифода қарор бигиранд, ду ё се ноҳия ташкил шавад, чунки дар он сурат имкони идора кардани чунин миқёси калон аз доира ва ӯҳдаи як ноҳия берунтар аст…»

Вале мақомоти ҳукумати ноҳия мегӯянд, комилан обёрӣ шудани беш аз 100 ҳазор ҳектор замин дар доираи барномаи давлатии азхудкунии заминҳо танҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ имконпазир мебошад. Барои обёрии танҳо як ҳектор замин беш аз 4 ҳазор доллар зарур будааст. Яъне иҷрои ин лоиҳа сарфи маблағҳои ҳангуфтро мехоҳад, ки ин миқдор маблағ дар ихтиёри ҳукумати маҳаллӣ набудааст.
XS
SM
MD
LG