Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Исроил бояд марзҳои соли 1967-ро эътироф кунад"


Барак Обама, мегӯяд фасли тозае дар дипломатияи Амрико оғоз мешавад
Барак Обама, мегӯяд фасли тозае дар дипломатияи Амрико оғоз мешавад

Барак Обама дар паёмаш гуфт, ИМА дар тарафи мардуми Ховари Миёна аст, на диктаторҳо.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як суханронии умда, дурнамои сиёсати кишвараш дар Ховари Миёнаи пурталотумро шарҳ дод ва гуфт, “фарёдҳои шарафи инсонӣ аз саросари минтақа ба гӯш мерасад”. Ӯ афзуд агар Амрико ба ормонҳои мардуми оддӣ расидагӣ накунад, ин боварро амиқтар хоҳад бурд, ки Вашингтон дар минтақа фақат ба думболи манофеъи худ мегардад.”

ФАСЛИ ТОЗА ДАР ДИПЛОМАТИЯИ АМРИКО

Барак Обама, зимни суханронӣ дар вазорати умури хориҷаи Амрико, ки онро “макони муносибе барои намоён кардани фасли тозае дар дипломатияи Амрико номид” қиёмҳои мардумӣ ва талабҳои ислоҳотхоҳии дастаҷамъӣ дар саросари Ховари Миёнаро “иштиёқ барои озодӣ” хонд: "Тайи шаш моҳи гузашта мо шоҳиди таҳаввулоти фавқуллода дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо шудем. Майдон ба майдон, шаҳр ба шаҳр, кишвар ба кишвар шаҳрвандон бархостанд ва хостори ҳуқуқи асосии инсониашон шуданд.”

Барак Обама афзуд, Амрико дар тарафи мардумест, ки хостори ислоҳот ҳастанд, на раҳбаронашон агарчӣ онҳо, солҳои тӯлонӣ аз ҳампаймонҳои Иёлоти Мутаҳида будаанд:

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мӯътақид аст, ки мардум бояд худашон битавонанд бар худашон ҳукумат кунанд. Мо ҳоло наметавонем, барои истодан дар тарафи онҳое, ки ҳамин ҳуқуқро мехоҳанд, диранг кунем бо ин, ки мо бояд бидонем, ки пешрафти онҳо ҷаҳони амнтар, босуботтар ва одилонатарро ба армуғон хоҳад овард."

Ӯ гуфт, Амрико фурсати таърихие дар даст дорад, ки нишон диҳад, арзиши як фурӯшандаи хиёбонӣ дар Тунис муҳимтар аз қудрати беарзиши як диктатор аст.

ПАЁМ БА РАҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ АРАБӢ

Барак Обама ба раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад паёми қавие фиристод, ки ба гуфтаи ӯ, дар посух ба тазоҳуротҳои мусолиматомези ду моҳи ахир “роҳи қатлу боздоштҳои оммавиро” пеш гирифтааст. Ӯ гуфт, Башор Ассад, бояд гузори осоишта ба низоми демократиро раҳбарӣ кунад, ё аз сари роҳ канор истад. Дар тазоҳуротҳои Сурия то кунун 850 нафар кушта ва ҳазорон тани дигар боздошт шуданд. Рӯзе пештар ҳукумати Амрико барои ин рафтор, алайҳи Башшор Асад ва шаш дастёри ӯ таҳрим эъмол кард. Давлати Сурия таҳримоти нави Амрикоро, бахше аз сиёсатҳои минтақавии хидмат ба Исроил хонд. Обама дар ин суханронӣ аз шоҳи Баҳрайн хост, муколама бо мухолифонро шурӯъ кунад ва Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман низ даъват кард, ба аҳдаш вафо кунад ва бар асоси созиши ҳосилшуда ҳукуматро ба дигар кас бисупорад. Ӯ ваъда дод, он кишварҳои минтақа, ки роҳи демократия ва ислоҳотро пеш мегиранд, аз Иёлоти Муттаҳида кӯмакҳои иқтисодӣ дарёфт хоҳанд кард, ки қарзи 1 миллиардолларии Амрико ба Мисрро мебахшад.

Паёми дувуми Обама ба олами ислом
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00
Линки мустақим



СУХАНРОНИИ УМДА ПАС АЗ САРЗАНИШҲО

Сиёсати хориҷии Амрико дар Ховари Миёна дар пасманзари талотумҳои ахир дар минтақа мавриди интиқод қарор гирифт ва ҳукумати Обамаро интиқод мекарданд, ки вокунишҳояш ба кишварҳои алоҳидаи минтақа мухталиф аст. Агарчӣ Барак Обама, баъди чанд ҳафтаи тазоҳурот дар Миср, аз Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ хост, аз мақомаш биравад, аммо ин корро дар Баҳрайн накард, ки хонаводаи шоҳии ҳоким бар он тазоҳургаронро латукӯб кард ва кушт. Дар Либия, нерӯҳои Амрико барои аз ҳукумат рондани Муаммар Қаззофӣ кӯмак карданд, аммо Вашингтон то чанд вақт нисбат ба рафтори бераҳмонаи давлати Башшор Ассад дар муқобили тазоҳургарон хомӯш буд.

ТАҒЙИРИ УМДА ДАР МАВҚЕЪГИРӢ НИСБАТИ СУЛҲИ ХОВАРИ МИЁНА

Барак Обама, бо истифода аз фурсат, аз тағйири чашмгире дар мавзеъгирии Амрико дар баробари муноқишаи Исроилу Фаластиниён эълом дод. Бори нахуст ӯ ошкоро аз Исроил хост, ба таъсиси Фаластини мустақил бо марзҳои мавҷуд то соли 1967 ва пеш аз ишғоли Байтулмуқаддаси Шарқӣ, Ғазза ва Канораи Ғарб аз тарафи Исроил мувофиқат кунад. Ӯ гуфт, вазъи мавҷуд наметавонад, идома ёбад ва Исроил низ бояд кӯмак кунад, то сулҳи пойдор ҳосил шавад:

"Ончӣ ки Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ метавонад кунад, ин аст, ки бояд самимона бигӯяд, ки як сулҳи пойдор шомили ду кишвар бошад ва ду миллат. Исроил ба унвони як кишвари яҳуд ва як меҳан барои шаҳрвандони яҳудӣ ва ҳамин тавр кишвари фаластинӣ, як сарзамине барои фаластиниён бо эътирофи дутарафа ва амн дар канори ҳам. "

Аммо дар вокуниш ба ин мавзеъгирӣ, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт бозгашт ба марзҳои соли 1967, давлати яҳудиро “ғайриқобили дифоъ” мегузорад. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён аз талошҳои Обама барои аз сар гирифтани музокироти сулҳ истиқбол кардааст. Аммо Самӣ Абӯ Зӯҳра, сухангӯи Ҳамос, ба телевизиони Ал-Ҷазира гуфт, Барак Обама ҳарфи тозае назадааст. Ба гуфтаи ӯ, “Барак Обама набояд, шиор изофа кунад, балки барои ҳимоят аз ҳаққи мардуми фаластинӣ ва миллати араб гомҳои мушаххас бардорад.”

ВОКУНИШҲОИ ТАҲЛИЛГАРОН БА СУХАНРОНИИ ОБАМА


Ҳайм Малка, муовини мудири бахши Ховари Миёна дар Маркази Пажӯҳишҳои Стротежӣ ва Байналмилалии Амрико, бо арзёбӣ аз нутқи Барак Обама гуфт, ӯ тавонистааст, ин мантиқро ба гӯши мардум бирасонад, ки Амрико қиёмҳои мардумӣ дар Ховари Миёнаро барнаагехтааст, балки дар пешрафти онҳо нақш дорад:

"Мардум дар ҷаҳони араб эҳсос кардаанд, ки ин фурсати онҳост, ин мардуми минтақа буд, ки дар воқеъ қиём ва ошӯбҳоро раҳбарӣ кард, ва тағйирот дар ҳукумати Тунису Мисрро раҳбарӣ кард. Онҳо намехоҳанд, касе инро аз онҳо бигирад, на ҳукуматҳояшон, на Амрико на ҳар қудрати дигар. Ба андешаи ман бо назардошти ин Барак Обама роҳи тавозунро пеш гирифт. Ӯ хост ба мардуми Амрико бигӯяд, ки тағйирот дар минтақа чӣ гуна ба Амрико иртибот мегирад ва эътироф кард, ки ин фурсати арабҳост. Аммо ҳамзамон эътироф кард, ки Амрико низ нақше дар он бозӣ мекунад."

Аммо Самин Шиҳата, таҳлилгари Донишгоҳи Ҷорҷтавни Амрико гуфт, Барак Обама натавонист, ба таври комил тавофути сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар баробари кишварҳои гуногуни минтақаро шарҳ диҳад, вале айни замон тавонист ба таври муассир ҳимояти Амрико аз ҳуқуқи бунёдӣ, аз ҷумла ҳуқуқи озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсонро ба мардум бирасонад.

XS
SM
MD
LG