Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, қиёмҳои мардумии озодихоҳӣ дар саросари Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ барои Амрико фурсати таърихие фароҳам кардааст, ки дар ин минтақа демократия ва ислоҳотро ривоҷ диҳад. Дар як суханронии фарогир, дар вазорати умури хориҷаи Амрико дар Вашингтон, Барак Обама гуфт, “тағйироти фавқуллода” дар моҳҳои гузашта дар минтақа нишон дод, ки давраи саркӯбгарӣ ба поён расидааст: "Ҳодисаҳои шаш моҳи гузашта ба нишон дод, ки стротежии саркӯбгарӣ ва каҷроҳӣ дигар ба кор намеравад."
Барак Обама афзуд, тазоҳургарон дар Ховари Миёна дар шаш моҳи гузашта ба пешрафтҳое даст ёфтанд, ки терористҳо дар даҳсолаҳо ба он ноил шуданд ва ба ҳимояти аз ҳуқуқи бунёдии мардум дар Ховари Миёна таъкид кард:" Амрико мухолифи истифода аз зӯр ва саркӯбгарӣ алайҳи мардум дар минтақа аст. Амрико аз ҳуқуқи бунёдии инсон ҳимоят мекунад. Он ҳуқуқ, шомили озодии сухан, озодии гирдиҳамоии осоишта, озодии эътиқод, баробарии зану мард бар асоси қуонун ва ҳаққи интихоби раҳбари худ аст.”
Барак Обама гуфт, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия роҳи кушторро пеш гирифтааст ва аз ӯ хост, аз ин роҳ баргардад ва ё аз қудрaт биравад. Ӯ давлати Эронро низ барои ҳимоят аз Сурия интиқод кард. Раиси ҷумҳури Амрико аз Исроил ва Фаластиниён хост, бифаҳманд, ки “сулҳро ба кас бор намекунанд.”
Барак Обама гуфт, ҳосили музокироти сулҳ бояд ду кишвар бошад, бо марзҳои доимии фаластинӣ бо Исроилу Ӯрдун ва Миср ва ҳамин тавр марзҳои доимии исроилӣ бо Фаластин.” Раиси ҷумҳури Амрико ба он кишварҳое, ки роҳи демократияро пеш мегиранд, кӯмакҳои иқтисодӣ ваъда кард. Ӯ гуфт, Амрико ба Миср дар ҳаҷми 2 миллиард доллар ба Миср кӯмакҳои молӣ ва қарз медиҳад ва ба зудӣ як хазинаи 2 миллиар долларӣ барои ҳимоят аз сармоягузории мустақим дар минтақа таъсис медиҳад. Барак Обама тарҳи тағйири фаъолияти Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро муаррифӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ аз ин ба баъд на фақат ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, балки ба кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо сармоягузорӣ хоҳад кард.
Паёми умдаи раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, посухи Амрико ба рӯйдодҳои дар ҳоли таҳаввули Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ буд. Посухе дар авҷи танқидҳое, ки Амрико ноомодагии хешро ба ин рӯйдодҳо нишон дод ва
натавонист ба таври рӯшану фаҳмо ба онҳо расидагӣ кунад. Посухе айни муддао, то дида шавад, ки сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида обистани чӣ дигаргуниҳоест, ки ҷаҳони дигаргуншуда аз он тақозо мекунад.
Обама кӯмакҳои бузурги молӣ ба Мисру Тунис ва кишварҳоеро эълон кард, ки роҳи демократиро дар пеш гирифтаанд.
Ин нишонаи таъкид ба аҳамияти ислоҳот ва рушд, ҳамчун пояҳои аслии демократия хоҳад буд.
Дар ин тарҳе, ки Барномаи Маршалл, нақшаи эҳёи баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувумро ба ёд меорад, Иёлоти Муттаҳида ба Миср дар ҳаҷми умумии то 2 миллиард доллар қарзу кӯмак пешниҳод мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул 2 то 3 миллиард доллари дигарро ҳамчун "сароғози талошҳои дарозмуддат" ба миён хоҳанд гузошт.
Дар ҳошияи истеъфои сенатор Ҷорҷ Митчелл аз мақоми фиристодаи вижаи Обама дар умури Ховари Миёна дар паёми Обама масъалаи оғози нави гуфтушунидҳои арабу Исроил низ матраҳ шуд. Сухангӯи Кохи Сафед, Ҷей Карнӣ гуфт, Обама дар мавриди расидагӣ ба “ормонҳои демократӣ”-и мардуми минтақа “андешаҳои вижае”-ро дар пешниҳод хоҳад кард. “Вай ба таври махсус дар бораи беҳтарин роҳҳои пуштибонӣ аз дигаргуниҳои мусбат сӯҳбат хоҳад кард, бо тамаркуз рӯи усули меҳварии мо: нобазӯрӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ.”
Паёми Обама дар ҳоле садо дод, ки вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба рӯйдодҳои минтақа бо танқидҳои мухталиф рӯбарӯст. Ин вокуниш дар робита ба Миср аз пуштибонии Муборак то даъвати истеъфои ӯ тағйир ёфт. Дар мавриди Либия Амрико ибтидо истихора кард ва баъд аз Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал фаъолона ба саҳна омад ва сипас боз гӯё ақиб нишаст.
Дар мавриди Баҳрайн, дар ҳоле ки ҳампаймони наздики Амрико – Арабистони Саудӣ нерӯҳои худро вориди ин кишвар намуд, то аксарияти шиъаро дар муқобили шоҳигарии ғарбгарои суннӣ саркӯб кунад, Вошингтон сукут ихтиёр кардааст. Ҳамчунон дар бораи саркӯби норозиён дар худи Саудия низ. Мухолифони Башор Асад дар Сурия Иёлоти Муттаҳидаро айбдор мекунанд, ки бо баёнияҳои хеш роҳро ба саркӯби хунин бозу ҳамвор намуд.
Надим Шеҳодӣ, мутахассиси Ховари Миёна дар Пажӯҳишгоҳи Чатҳами Лондон мегӯяд, ҳамаи ин рӯйдодҳо барои Амрико ғайриинтизор буданд ва вокуниши парешонеро дар Вошингтон ба бор оварданд. Ҳоло қарор аст, ин парешониҳо ҷамъу ҷӯр шавад.
Аммо ҳамзамон Иёлоти Муттаҳида бо мушкиле рӯбарӯст, ки оё бо фурӯпошии режимҳои диктаторӣ дар ин кишварҳо кӣ сари кор меояд. Коршинос Ҳусейн Аскарӣ дар маҷаллаи “National Interest” (Манфиати миллӣ) аз Амрико интиқод кардааст, ки то ҳанӯз миёни шаклҳои ислом дар Ховари Миёна фарқ намегузорад. “Меҳвари ислом адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ягонагии аҳли башар аст, на ваҳҳобияи Арабистони Саудӣ ё ташайюъи охундҳои Эрон”, навиштааст ин таҳлилгар.

Меҳвари ислом адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ягонагии аҳли башар аст, на ваҳҳобияи Арабистони Саудӣ ё ташайюъи охундҳои Эрон...