Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигор шоҳиди шиканҷа дар Сурия шуд


Хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” Доротӣ Парвоз дар нахустин мусоҳиба баъд аз раҳоияш изҳор намуд, ки ӯ шоҳиди латукӯб ва шиканҷаи ширкатдорони намоишҳои эътирозии Сурия шуд.

Хонум Парвоз, ки шаҳрванди Амрико, Канада ва Эрон аст, чанд рӯз пеш дар Сурия бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда, баъдан ба Теҳрон интиқол ёфт ва дирӯз аз сӯи мақомоти Эрон озод карда шуд.

Ӯ гуфт, ки "ман се рӯзу ду шаб дар боздоштгоҳи муваққат будам ва он ҷо мешунидам, ки чӣ гуна одамонро лату кӯб мекунанд. Ман намедонам, ки ин одамон чӣ гуноҳ доштанд. Яке аз маъмурон гуфт, ки онҳо барои куштор дар шаҳри Даръо боздошт шудаанд ва аммо инро тафтиш кардан ғайримумкин буд – ман дар додгоҳ набудам ва чизеро надидам, фақат фарёди одамонеро шунидам, ки ба он чаҳордевори сангин андохта ва шадидан лату кӯб шуда буданд".

Баъд аз шурӯъи намоишҳои эътирозии оммавӣ мақомоти Сурия вуруди хабарнигорони хориҷӣ ба кишварро манъ карданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, бар асари саркӯбсозии эътирозҳо тақрибан 700 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG