Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 10 нафар дар эътирозҳои Толуқон


Дар ҷараёни эътирозҳои хушунатомез алайҳи ҳалокати ду марду ду зан дар як амалиёти шабонаи НАТО дар вилояти Тахор, дар шимоли Афғонистон дастикам 10 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис ва сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳамаи 4 тани дар ҳамлаи НАТО кушташуда ғайринизомӣ буданд. НАТО аммо мегӯяд, ҳамаи онҳо, бо шумули ҳарду зан силоҳ дошта, талош кардаанд, алайҳи нирӯҳои хориҷӣ оташ кушоянд.
Чанд соат баъд аз ин ҳамлаи шабона беш аз 1500 нафар ҷанозаи он 4 кушташуда рӯи даст дар Толуқон, маркази вилоят и Тахор гирди ҳам омаданд. Тазоҳургарон бо нирӯҳои амниятӣ даргир шуда, посгоҳи НАТО-ро сангборон кардаанд.
Ҳалокати мардуми мулкӣ як мояи аслии таниш байни давлати Ҳомид Карзай бо ҳомиёни ғарбиаш боқӣ монда, талошҳо барои пирӯзӣ дар ҷанг бо чирикиҳоро дучори чолиш мекунад.
XS
SM
MD
LG