Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Қазоқистон: Тамрин ё амали террористӣ?


Маъмурони пулис роҳ то сӯи воқеаро бастаанд...
Маъмурони пулис роҳ то сӯи воқеаро бастаанд...

Мақомот гуфтаанд, ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи шимолу ғарбии Актобе дастикам ду нафарро маҷрӯҳ кардааст.

Додситони кулли Қазоқистон рабти ин ҳодиса ба терроризмро радд кард ва гуфт, ки марде дар беруни бинои Хадамоти амнияти минтақавӣ бо истифода аз маводи мунфаҷира худкушӣ кардааст.

Нахустин вокуниши хориҷӣ ба ин ҳодиса аз тарафи раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Андронис Аҷубалис пахш шуд. Ӯ ин ҳодисаро ҳамчун як амали террористӣ маҳкум кард...


Бино ба иттилои Додситонии кулли ин кишвар дар инфиҷор, ки соати 9-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ сурат гирифт, касе бу ҷуз ин мард кушта нашудааст. Додситонӣ дар шарҳи ҳуввияти ин мард аз ӯ Раҳимҷон Макатов ном бурд, ки 25 сол дорад ва ба гуфтаи ин ниҳод узви гурӯҳҳои ҷиноӣ будааст.

Ҷундос Умаралиев, аз дафтари додситони кулл ин ҳодисаро амали террористӣ намешуморад. Ӯ гуфт, ки Макатов узви гурӯҳи ҷиноӣ ва дар чандин ҷиноят гумонбаршуда буд.

“Макатов аз бомбаи худсохти камниру истифода кард. Дар натиҷа худаш дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Ду нафари дигар, ки дар атрофи ӯ буданд, захм бардоштанд ва ҳоло кумаки тиббиӣ мегиранд”,-афзуд ӯ.

Маҳалли наздик ба таркиш дар Актобе

Хабаргузориҳо ба дунболи инфиҷор гуфтанд, ки дар ин ҳодиса як соҳибкори 31-сола шадидан захмӣ шуда, дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст. Ин иттилоъ аз тарафи манобеи дигар тасдиқ нашудааст.

Ҳалима Абдирова, хабарнигори "Озодӣ" дар минтақаи Актобе мегӯяд, аз замони вуқӯи ҳодиса, яъне аз соати 9-у 30 дақиқаи саҳар пулис ҷойи ҳодисаро иҳота карда ҳамагуна ҳаракат дар атрофи бинои Хадамоти амният ва идораи пулисро, ки дар ҳамсоягӣ ҷойгир шудааст, манъ кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигори мо, якчанд рӯзномианигор ва фаъолони сиёсӣ аз саҳнаи ҳодиса акс бардоштанд, вале ходимони амният ин аксҳоро нобуд кардаанд. "Як ходими пулис гуфт, ин ҷо тамрини ҳарбӣ мегузарад ва ҳеҷ таркише нашудааст. Корманди пулис ҳодисаро ба ман ҳамин тавр шарҳ дод. Дафтари матуботи пулиси минтақавӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар доираи салоҳияти онҳо нест",-илова кард ӯ.

Ронандаи мусофирбарҳо ба хабарнигори мо Ҳалима Абдирова гуфтаанд, ки соатҳои 10-и саҳар ду мошини ёрии таъҷилӣ ва як мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба саҳнаи таркиш омаданд.

Як наворбардори шабакаи телевизиони маҳаллӣ, ки талош дошт, ҷойи ҳодисаро аз дохили меҳмонхонаи атроф наворбардорӣ кунад, боздошт шуд ва чанд соатро дар боздоштгоҳ сипарӣ намуд.

Нахустин вокуниши хориҷӣ ба ин ҳодиса аз тарафи раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, вазири хориҷии Латвия Андронис Аҷубалис пахш шуд. Ӯ ин ҳодисаро ҳамчун як амали террористӣ маҳкум кард.

Қазоқистон аз кишварҳои сарватманд ва аз ҷиҳати амниятӣ собити Осиёи марказӣ аст. То ҳол ин ба кишвар даст дода буд, то аз ҳодисаҳое, ки дар давлатҳои ҳамсояи Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон рух додаанд, эмин бимонад.

XS
SM
MD
LG