Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғун: Пул зӯр мебарояд ё сиёсат?


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҳайъатҳои ҳукуматӣ ва низ ҷомеаи шаҳрвандии шаш кишвари ҳавзаи Амударё - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон ба баррасии натиҷаҳои қаблии экспертизаи тарҳи Роғунро шурӯъ кардаанд.

Ба ҷуз Узбакистон, дигар кишварҳои ин ҳавза ба сурати умум ба ин тарҳ мухолифат надоранд ва ҷонибдорӣ ҳам мекунанд.
Ҳоло ду кишвар дар ин ҷо мухолиф аст - Русия ва Узбакистон, аммо он ҷо дар симои Бонки ҷаҳонӣ Аврупову Амрико бозингаранд...


Аммо Бонки ҷаҳонӣ то 18 моҳи дигар боз ду даври дигари чунин баррасиҳоро баргузор мекунад, то ризоияти умум ба вуҷуд ояд.

Оё ин имкон дорад? Оё мешавад, масалан Узбакистонро итминон дод, ки нерӯгоҳи Роғун бар зиёни ин кишвар нахоҳад буд?

Посухи ин ва дигар суолҳоро аз Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод, ки солҳои зиёд аз Кумитаи давлатии ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон, Афғонистон, Миср ва Юнон, дар замони истиқлол дар Оҷонси давлатии сиёсати зиддиинҳисории Тоҷикистон фаъолият карда, ҳоло сарвари Анҷумани дастгирӣ ва рушди соҳибкории Тоҷикистон аст, пурсидем.

ДУ МУХОЛИФИ САРСАХТ

Давлатмурод Ҷумъаев:
Дар раванди ин се давра аз миёни кишварҳои ҳавзаи Амударё танҳо Узбакистон бисёр вокунишҳои манфӣ нишон хоҳад дод ва бо ҳар роҳ мекӯшад садди роҳи ин таҳқиқот шавад. Аз дигар тараф, Русия бояд ба назар гирифта шавад. Маскав намехоҳад чунин як нерӯгоҳи азим ба як кишвар мутааллиқ бошад. Бубинед, шарики стратегии Тоҷикистон умуман намехоҳад, ки кӯмак кунад, яъне ба Узбакистон таъсири худро расонад. Чаро? Агар тарҳ аз худаш мешуд, на ба ҳарфи Узбакистон гӯш мекард, консорсиуму таҳқиқот ҳам намекард, зеро таҳқиқот аллакай дар замони Шӯравӣ шудааст. Худаш ин корро сар мекард ва шояд то имрӯз як қисмати корҳоро ба анҷом мерасонд. Хулоса, ин ду мухолифи сарсахт ба осонӣ Бонки ҷаҳониро намегузоранд, ки ба ҳадаф расад.



РУСИЯ ПУШТИБОНИ УЗБАКИСТОН?

Озодӣ: Русия дар ҳавзаи Амударё нест. Мантиқан, ин тарҳ ба он рабте набояд дошта бошад. Аммо чӣ гуна метавонад ба раванди баррасиҳо таъсир кунад?

Давлатмурод Ҷумъаев: Дар ин баррасиҳо русҳо метавонанд бевосита аз тариқи Узбакистон таъсир расонанд. Узбакистон ҳам хуб медонад, ки пуштибонаш Русия аст. Хуб медонад, ки ин омолеро, ки алайҳи Роғун мекунад, Русия ҷонибдор аст ва хомӯшона назорат мекунад. Аз ин хотир, давра ба давра ҷасуртар шуда монеаҳои нав ба нав мегузорад.

БОНКИ ҶАҲОНӢ - ДИРИЖЁР
Бонки ҷаҳонӣ бар ин бовар аст, ки нерӯгоҳи Роғун дар оянда манбаи пулдиҳанда мешавад. Сармояе, ки Бонк мехоҳад тариқи консорсиум ҷамъ кунад, даҳчанд не, садчанд бармегардад...


Озодӣ: Шумо гуфтед, ки ду кишвари муассир дар минтақа бо тарҳи Роғун ва низ ҳамоҳангсозаш Бонки ҷаҳонӣ мухолифанд. Аммо то куҷо Бонки ҷаҳонӣ ҳадафҳои худро метавонад пиёда кунад?

Давлатмурод Ҷумъаев: Бонки ҷаҳонӣ яке аз ниҳодҳои молиявии қавитарини дунё аст. Таъсир расонида метавонад, аммо фақат аз лиҳози иқтисодӣ. Ин ҷо масъала сиёсӣ аст, сиёсату иқтисод бо ҳам даромехтаанд. Оянда нишон медиҳад, ки кӣ зӯр мебарояд: пул ё сиёсат? Аз сӯи дигар, Бонки ҷаҳонӣ, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон маблағи ҳангуфт сармоягузорӣ кардааст, мехоҳад бо роҳандозии нерӯгоҳи Роғун ин маболиғ бо фоизҳояшон баргардонида шаванд. Ин таҳқиқот худ як асосе мешавад, собит месозад, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳаққ аст ва сохтмони ин нерӯгоҳ бояд анҷом ёбад. Бонки ҷаҳонӣ бар ин бовар аст, ки нерӯгоҳи Роғун дар оянда манбаи пулдиҳанда мешавад. Сармояе, ки Бонк мехоҳад тариқи консорсиум ҷамъ кунад, даҳчанд не, садчанд бармегардад. Бонки ҷаҳонӣ дуруст дарк кардааст, ки ин нерӯгоҳ аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, аз ин хотир ҳама кӯшишаро баҳри он равона мекунад, ки дар ин ҷо худаш дирижёр шавад, яъне чӯбдаст дар дасти худаш бошад.

БОЗИНГАРИ АСОСӢ КИСТ?

Озодӣ: Оё Бонки ҷаҳонӣ барои расидан ба ин ҳадафҳояш чӣ имкониятҳо дорад?

Давлатмурод Ҷумъаев: Бубинед, Бонки ҷаҳонӣ ба дигар ниҳодҳои бузурги молиявӣ, аз ҷумла Сандуқи байнулмилалии пул ва кишварҳои Аврупо таъсир расонда метавонад. Ҳоло ду кишвар дар ин ҷо мухолиф аст - Русия ва Узбакистон, аммо он ҷо дар симои Бонки ҷаҳонӣ Аврупову Амрико бозингаранд. Аз ин хотир, агар бо роҳи музокирот ба ҳадаф нарасанд, бидуни шак, боз аз таҳримҳову дигар фишорҳои иқтисодӣ кор хоҳанд гирифт ва ҳатман мегиранд, то ин ки нерӯгоҳ аз даст наравад ва онҳо дар он ҳоким бошанд. Шояд ба консорсиуме, ки мешавад, Русия ҳам ворид шавад, Узбакистон ҳам, вале дар он сурат ҳам Бонки ҷаҳонӣ бозингари асосӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG