Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи осори наққоши зиндонӣ дар Бишкек


Автопортрети Азимҷон Аскаров
Автопортрети Азимҷон Аскаров
Намоишгоҳи осори наққошии Азимҷон Аскаров-наққоши шинохтаи узбак, ки фаъоли ҳуқуқи башар низ ҳаст, дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон гушоиш ёфт. Вай баъд аз даргириҳои қавмии моҳи июни соли гузашта миёни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон зиндонӣ шуда буд. Азимҷон Аскаров барои доман задани даргириҳои қавмӣ ва даст доштан дар куштори як корманди полис ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Хонуми Аскаров 50 асари наққошии шавҳарашро ба Маркази Густариши Демократия ба Бишкек овардааст, то намоишгоҳ ташкил кунанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Қирғизистон аз ҳабси Аскаров интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG