Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сенатори амрикоӣ ба Покистон


Cенатор Ҷон Керрӣ ва нахуст вазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ
Cенатор Ҷон Керрӣ ва нахуст вазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ

Cенатор Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки шавоҳиде вуҷуд дорад, ки Покистон аз бархе фаъолиятҳои шибҳинизомиён дар хоки Афғонистон огаҳ аст.

Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, ин сенатори демократ ва раиси Комиссиюни равобити хориҷии сенати Амрико рӯзи якшанбе дар Кобул зимни ишора ба вуруди шибҳи низомиёни Покистон аз тариқи марз ба хоки Афғонистон хотирнишон кард, ки «шавоҳиде вуҷуд дорад, ки давлати Покистон аз бархе аз ин фаъолиятҳо огоҳ аст ва ин бисёр нигаронкунанада аст.»

Вай ҳамчунин бо изҳори ин, ки равобити Покистон ва ИМА вориди марҳалаи ҳассосе шудааст, афзуд ки бархе аз қонунгузорони амрикоӣ дар мавриди ҳамсон будани аҳдофи минтақавии ИМА ва Покистон дучори шакк ва тардид шудаанд.

Аз дигар сӯ, чанд соат пас аз ин изҳорот, дар оғози вуруди сенатор Керрӣ ба Покистон, Ишфоқ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон дар дидор бо вай изҳор кард, ки сарбозони Покистон дар мавриди воқеаи Аббатобод эҳсоси нохушнудӣ доранд.

Ҳудуди ду ҳафта пеш аз ин, нерӯҳои вижаи артиши Амрико, тайи як амалиёт Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоидаро дар Аббатобод ба қатл расонданд. Ин амалиёт ба сурати махфиёна ва бидуни иттилои қаблии мақомоти покистонӣ сурат гирифт.

Ин амр сабаби хашм ва норизоятии Покистон шудааст ва ин дар ҳоле аст, ки дар айни ҳол бархе аз чеҳраҳои амрикоӣ зимни пеш кашидани имкони огаҳ будани бархе аз мақомоти Покистон аз ҳузури Усома бин Лодин дар Аббатобод, бар зарурати махфӣ мондани ин амалиёт таъкид карда буданд.

Леон Панетта, раиси созмони ҷосусии Амрико СIA дар ҳамин замина эълом карда буд, аз онҷо ки эҳтимоли он, ки покистониҳо ба раҳбари Ал-Қоида дар мавриди ҳамла иттилоъ бидиҳанд, Амрико тасмим гирифт бидуни иттилои Исломобод амалиётро анҷом диҳад. Бо ин ҳол Покистон ҳамвора иттиҳомоти паноҳ додан ба бин Лодинро рад кардааст.

Алорағми нигарониҳо, Ҷон Керрӣ таъкид кардааст, ки Покистон дар солҳои гузашта барои коҳиши қудрати Ал-Қоида талош кардааст. Вай афзуд, ки фароҳам овардани имконот аз сӯи Исломобод барои ҳузури нерӯҳои иттилоотии Амрико дар Покистон, ба аз миён бурдани раҳбари Ал-Қоида кӯмак кардааст.

Вай дар айни ҳол бо ишора ба кам шудани сабр ва тоқати Вашингтон гуфт, ки дар рӯзҳои гузашта ҳодисаҳои муҳиме иттифоқ афтод, ки ба равобити ИМА ва Амрико таъсири амиқе гузоштааст.
XS
SM
MD
LG