Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Муаммар Қаззофӣ дар Маскав


Интизор меравад, намояндагони режими Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия имрӯз бо мақомоти Русия, аз ҷумла Сергей Лавров, вазири умури хориҷа дар шаҳри Маскав дидору гуфтӯгу кунанд. Як рӯз пеш аз ин додситони кулли Додгоҳи Байналмилалӣ дар Гаага аз додрасҳои ин додгоҳ хост, амри боздошти Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либияро содир кунад, ки ба ҷиноятҳо алайҳи башарият муттаҳам мешавад. Луис Морено-Окампо аз додгоҳ хостааст, то амри боздошти Сайф-ул-Ислом, писари Қаззофӣ ва Абдулло ал-Синусӣ, раиси хадамоти ҷосусии Либияро содир кунад, ки ҳарду ба саркӯбии бераҳмонаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG