Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиён ҳам тоҷикӣ меомӯзанд


Дар Тоҷикистон солҳои ахир ҷавонон ва ҳатто калонсолон барои ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯ будан, забонҳои хориҷиро меомӯзанд.

Аксарият ба хотири кушодани дарҳои муваффақият ва даст ёфтан ба имкониятҳои бештари рушд, бо харҷи маблағҳо ба кишварҳои соҳибзабон мераванд. Таҷрибаҳо низ нишон додааст, ки омӯзиши забон дар муҳити соҳибзабонон осону муносиб аст. Албата барои аксари ҷавонони тоҷик пайдо кардани ҳатто имкони таҳсили кӯтоҳмуддат дар Амрикову Аврупо як хушбахтист.

Вале шояд баъзеҳо бовар накунанд, ки барои як гурӯҳи ҷавонони амрикоӣ низ омӯзиши забон дар Тоҷикистон хушбахтӣ ва орзуи деринаи онҳост. Бо сарфи маблағҳои зиёд ин ҷавонон ба Тоҷикистон меоянд ва ин забони ба гуфтаи худи онҳо ширину гувороро меомӯзанд. Чаро? Забони тоҷикӣ чӣ дарҳоро барояшон боз мекунад?

Аксари онҳо мегӯянд фарҳанг ва таърихи бою рангини мардуми форсу тоҷик онҳоро ошиқи ин сарзамину диёр кардааст. Тайи 7 сол аст, ки бо ташаббуси Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ, барои ҷавонони амрикоӣ дар Тоҷикистон курсҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ ва форсӣ созмон дода мешавад ва ҳамасола даҳҳо ҷавон аз ин кишвар ба Тоҷикистон меоянд ва бо зиндагӣ дар оилаҳои маҳаллӣ ҳам забон меомӯзанд ва ҳам аз таъриху фарҳанги мардум аз наздик ошно мешаванд. Бо истифода аз фурсат мо бо чанде аз онҳо ҳамсӯҳбат шудем ва онҳо ҳадафи хешро аз омӯзиши забони тоҷикӣ ба мо чунин баён карданд:

Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG