Пайвандҳои дастрасӣ

Ирина Халип 2 соли шартӣ гирифт


Ирина Халип баъд аз анҷоми мурофиа
Додгоҳи Беларус имрӯз Ирина Халип, хабарнигор ва ҳамсари раҳбари мухолифин Андрей Санниковро ба 2 соли шартии зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Халипро дар ҳамдастӣ дар ошӯбҳои пасоинтихоботие, ки Минскро баъд аз эълони пирӯзии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи 19 декабр фаро гирифт, муҷрим шинохт. Додгоҳ ба ҳамин тартиб, ҳукми ҳабси хонагии Ирина Халипро ҳам лағв кард. Ирина Халип баъд аз анҷоми мурофиа гуфт:
“Ман хурсандам, ки мо сарбаландона истодагарӣ кардем ва аз ин қазия бо сари баланд берун шудем. Ман бо шавҳарам хеле ифтихор мекунам ва ӯро қаҳрамони миллӣ медонам.”
Шавҳари ӯ Андрей Санников- яке аз рақибони Лукашенка дар интихоботи моҳи декабр – рӯзи шанбе ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG