Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири IMF-ро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд


Доминик Страус-Кан худро бегуноҳ медонад
Доминик Страус-Кан худро бегуноҳ медонад
Додситонҳои шаҳри Ню Йорки Амрико, Доминик Страус-Кан, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Фаронсаро ба озори ҷинсӣ ва талош барои таҷовуз ба номус муттаҳам кардаанд. Яке аз хидматкорҳои 32-солаи меҳмонхонаи гаронқиммате дар Ню Йорк ба пулис шикоят бурдааст, ки Доминик Страус-Канн хостааст ӯро ба иртиботи ҷинсӣ маҷбур кунад. Аммо ӯ худро бегуноҳ хондааст. Мудири Сандуқи Байналмилалии Пулро қабл аз парвозаш ба шаҳри Порис дар фурудгоҳи ба номи Ҷон Кеннедии Ню Йорк боздошт карданд. Қарор буд, ки ӯ имрӯз дар нишасти вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо ширкат кунад, ки дар он масъалаи кӯмакҳои молӣ ба Португалия ва Юнони гирифтори мушкилот баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG