Ин боздошт бо амри додситонҳои Ню Йорк ба вуқӯъ пайваст, ки Стросс-Канро ба ҷинояти шаҳвонӣ ва талоши таҷовуз ба номуси пешхидмати меҳмонсаро айбдор карданд.
Иттиҳом бар пояи шикояти хидматгузори меҳмонхонае дар Манҳаттен эълон шудааст. Стросс-Кан барои ҳар шаби иқомат дар ин меҳмонхона 3000 доллар пардохт мекардааст.
Сухангӯи полис гуфт, Стросс-Кан аз дахлнопазирии дипломатӣ бархӯрдор нест.
Бенямин Бафман, вакили ҳуқуқии раиси 62-солаи IMF, ки номзади эҳтимолии раёсатҷумҳурии Фаронса ва аз рақибони асосии президент Никола Саркозӣ низ шумурда мешавад, гуфтааст, зерҳимояи ӯ худро бегуноҳ мешуморад.
Стросс-Кан дар фурудгоҳи ба номи Кеннедии Ню Йорк, лаҳзаҳое пеш аз парвозаш ба Порис боздошт шуд. Вай қарор буд, дар Аврупо бо сарвазири Олмон, Ангела Меркел мулоқот ва рӯзи душанбе дар нишасти вазирони молияи Иттиҳоди Аврупо ширкат кунад. Дар ин нишаст масъалаи кӯмаки молӣ ба Португалия ва Юнон баррасӣ мешуд. Намояндагони IMF аз шаҳри моҷаро худдорӣ кардаанд.
Дар Порис ин хабарро “такондиҳанда” хонданд, вале мақомоти расмӣ ҳанӯз онро шарҳ надодаанд ва интизори поёни пажӯҳиши ҷиноиянд.
Стросс-Кан, вазири пешини молияи Фаронса, дар моҳи ноябри соли 2007 ба иҷрои вазифаи раиси Сандуқи Байнулмилалии Пул оғоз карда шуд.
Дар моҳи октябри соли 2008 вай пас аз як ҳаракати беҷо дар баробари як хонуми зертобеи худ маҷбур ба узрӣёхоҳӣ шуд, вале гуфт, дар ин амал аз мақоми худ суистифода накардааст.
Иттиҳоми зидди Стросс-Кан як шармсории азиме барои Сандуқи Байнулмилалии Пул хоҳад буд, ки тахсиси миллиардҳо доллар қарзу кӯмакро ба кишварҳои гирифтор дар ихтиёр дорад ва дар ҳалли бӯҳрони қарзи минтақаи евро нақши марказиро мебозад.
Идораи марказии Сандуқи Байнулмилалии Пул гуфтааст, бо вуҷуди “боздошти раиси худ” ба таври комил фаъолият мекунад.