Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи тиббӣ: Имтиёз ба кӣ дода мешавад?


Вазорати тандурустӣ ба довталабони муассисаҳои тиббӣ аз навоҳии тобеи марказ ва Хатлон имтиёзҳо додааст.

Мақомот мегӯянд, ин тасмим бо ҳадафи рафъи норасоии табибон дар ин минтақаҳо гирифта шудааст.
Салима, ки ба тозагӣ аз имтиёзоти Вазорати тандурустӣ барои ҷалби духтарон ба таҳсил дар муассисаҳои олӣ бохабар шудааст, мегӯяд, талош хоҳад кард, то ба истилоҳ аз ин саҳмия ва ё квотаи вазорат бебаҳра намонад...


Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гурӯҳи бузурги ҷавонон ба иллати мушкили иқтисодӣ наметавонанд донишҷӯ шаванд ва аз ин гуна имтиёзҳо низ бенасиб мемонанд.

Салима чаҳор сол боз орзуи табиб шуданро дорад. Ба ин мақсад ҳар сол асноди лозимро барои дохил шудан ба коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе месупорад, аммо то ҳол бахт ба рӯи нахандидааст.

Вай мегӯяд, "имсол низ ният дорам, ҳуҷҷатҳоямро супорам. Табиб шудан орзуи ягонаи ман аст, аммо намедонам имсол боз чӣ ҳоле ба сарам меояд."

ЧАРО ДОНИШҶӮ НАМЕШАВАНД?


Падари Салима омӯзгор аст ва моҳе ҳамагӣ 230 сомонӣ маош мегирад. Модараш хонанишин ва ду бародараш дар Русия муҳоҷиранд, аммо буҷаи хонавода барои ба "тағо"-е маблағ додану Салимаро дохил кардан намерасад.



Ҳарчанд Салима даъвогари он нест, ки дониши хуб дорад, вале мегӯяд, нияти табиб шуданаш қатъист.

Иллати аслии то ҳол донишҷӯ нашудани Салима дар камии хол ё балҳои гирифтааш аз фанҳои химия ва биология ҳангоми супоридани имтиҳонҳо дар коллеҷи тиббӣ будааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби саводи казоӣ надоштанаш аз ин фанҳо дар он аст, ки ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил кардан, омӯзгори ин фанҳоро надоштаанд.

Гулрухсор, яке дигар ҳамсӯҳбатони мо, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунад, мегӯяд, дер боз орзуи табиб шуданро дар дил мепарварад, аммо расидан ба ин орзу барои ӯ, мисли аз осмон ситора гирифтан аст.

ПОРА Ё "ТАҒО"
Солона ба коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон 5 ҳазору 600 нафар донишҷӯ ва ба Донишгоҳи тиббӣ ҳудуди 1 ҳазор донишҷӯ қабул мешавад...


Модари Гулрухсор мегӯяд, ӯ дар замони Шӯравӣ аз оилаи деҳқон ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шуда буд, аммо ду сол боз натавонистааст, ки духтарашро ба ин коллеҷ дохил кунад. Зеро ба гуфтаи вай маблағи зарурӣ надоштаанд.

Падидаи бидуни пора ва ё "тағо" дохил шудан ба муассисаҳои олӣ хабари нав нест. Зеро то кунун Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон мавридҳоеро дар донишгоҳу донишкадаҳои ин кишвар ошкор кардааст. Мардум низ дар бораи ин мушкили иҷтимоӣ зиёд ҳарф мезананд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ҳоле ки маоши ҳадди ақалл дар кишвар 60 сомонӣ ва ё беш аз 13 доллари амрикоӣ аст, маблағи қонунии таҳсил дар коллеҷҳои тиббӣ солона ҳудуди 500 доллари амрикоӣ барои як донишҷӯ муқаррар шудааст.

МИНТАҚАҲОИ БЕТАБИБ

Аммо дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтанд, ки вазорат бо назардошти норасоии табибон ва ҳамшираҳои шафқат, барои довталабони ҳамаи муассисаҳои тиббӣ имтиёз пешбинӣ кардааст.

Саломуддин Исуфов, сардори раёсати илм ва таҳсилоти тиббӣ мегӯяд, дар вақти супоридани имтиҳон ба довталабоне, ки холашон камӣ мекунад бо назардошти аз кадом минтақа буданаш, холи имтиёзӣ дода мешавад ва онҳо ба коллеҷ ё донишкадаи тиббӣ қабул карда хоҳанд шуд.

"Ҳадафи ин барнома, таъмин кардани баъзе аз минтақаҳое аст, ки ба табибон ниёз доранд. Ин барнома дар ҳама коллеҷҳо ва донишкадаи тиббӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Норасоии табибон бештар дар навоҳии тобеи марказ ва Хатлон аст"
,-афзуд ӯ.

Солона ба коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон 5 ҳазору 600 нафар донишҷӯ ва ба Донишгоҳи тиббӣ ҳудуди 1 ҳазор донишҷӯ қабул мешавад. Аз ин теъдод, ҳамасола коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббиро 5 ҳазору 300 ва Донишгоҳи тиббиро ҳудуди 800 нафар хатм мекунанд.

"КВОТА"-И ДУХТАРОНИ ДЕҲОТӢ?

Аммо бо ин ҳама мушкили норасоии табибон дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамоно ҳалли худро наёфтааст. Ба қавли масъулони Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон, "нобаробарии ҷуғрофии тиббӣ" вуҷуд дорад ва маҳз ба хотири минтақаҳои ниёзманд ба пизишк, барномаи имтиёзнок ба довталабони сокини ҳамин минтақаҳо роҳандозӣ шудааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро духтарони деҳотӣ дар ин гуна барномаҳо ворид намешаванд? Саидаи Фазл, муҳаққиқи соҳаи маориф мегӯяд: "Медонед, духтарони деҳот ҷуръат надоранд, ки мисли духтарони шаҳрӣ худро ба ҳамин барномаи имтиёзии Вазорати тандурустӣ дохил кунанд. Дар замони Шӯравӣ дар мактабҳои миёна устодон хуб дарс медоданд ва ба шогирдони сусту фаъол дарсҳои иловагӣ медоданд. Ҳоло дар минтақаҳо омӯзгори хуб намеёбед."

Дар ҳамин ҳол, Салима, қаҳрамони гузориши мо, ки ба тозагӣ аз имтиёзоти Вазорати тандурустӣ барои ҷалби духтарон ба таҳсил дар муассисаҳои олӣ бохабар шудааст, мегӯяд, талош хоҳад кард, то ба истилоҳ аз ин саҳмия ва ё квотаи вазорат бебаҳра намонад.
XS
SM
MD
LG