Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия як занро куштанд ва 5 танро захмӣ карданд


Дар тирандозии нерӯҳои Сурия ба сӯи одамоне, ки мехостанд, аз хушунатҳои Сурия ба Лубнон фирор кунанд, як зан кушта ва 5 нафари дигар захмӣ шудаанд. Маъмури амниятии Лубнон мегӯяд, нерӯҳои Сурия ба сӯи издиҳоми паноҳҷӯён, ки мехост, дар наздикии шаҳраки Водӣ Холид аз марзи Лубнон гузарад, оташ кушоданд. Бар асари тирандозӣ як сарбози лубнонӣ низ захмӣ шудааст. Ҳазорон нафар аз аҳолии Сурия дар як ҳафтаи ахир зери фишори нерӯҳои ин кишвар ба ҳудуди Лубнон гузаштаанд. Аз оғози тазоҳуроти зидди ҳукумати президент Башор Асад дар нимаҳои моҳи март то ҳоло зиёда аз 775 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG