Русия ва Чин, ду кишвари абарқудрати узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ҳамкориҳои худро дар доираи ин созмон дида бештар дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо афзалтар мешуморанд.
CҲШ ДАР БАНДИ ЧИНУ РУСИЯ?
Ин нуктаро таҳлилгарони масоили сиёсӣ таъкид намуда меафзоянд, ки ба ин иллат СҲШ то ҳол натавонистааст ҷойгоҳи худро дар сатҳи созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ба мисли Иттиҳодия Аврупо, НАТО, САҲА ва ғайра пайдо кунад.
Ин дар ҳолест, ки вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Остона барномаи таҷлили даҳсолагии фаъолияти ин созмонро омода мекунанд, ки қарор аст 15-уми июн бо ширкати сарони кишварҳои узв, баргузор шавад.
Ба ин муносибат рӯзи шанбе Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон вазирони умури хориҷии Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт.
Ба назари сиёсатшиносон, 10 соли ҳастӣ барои як созмоне ба мисли СҲШ, давраи кофие аст, ки худро дар ҳалли масъалаҳои умдаи минтақаӣ муаррифӣ кунад.
НАҚШИ КАМРАНГИ СҲШ
Коршинос Қосимшоҳи Бекмуҳаммад мегӯяд, ки дар даҳ соли гузашта дар кишварҳои узви ин созмон таҳаввулоти муҳими сиёсӣ ва амниятӣ рух дод, аммо Созмони Шонҳой натавонист дар ҳалли онон ба таври бояду шояд зарфияти худро нишон диҳад: «Ду инқилобе, ки дар Қирғизистон иттифоқ афтод ва ҳамчунин дар соли гузашта даргириҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғистон пеш омад, Созмони ҳамкориҳои Шонҳой заъфи худро нишон дод ва дар ҳамон шабурӯз нишасти нахуствазирони кишварҳои узв дар Тошканд баргузор шуд ва онҳо бо як баёния дар робита ба ин ҳодисаи хунин иктифо карданд. Ин созмон вокуниши сареъ дар роҳи ҳалли ин низоъро нишон надод ва вуҷуди созмонро дар ин ҳодисаҳо ҳеҷ ҷонибе мушоҳида накард.»
Сабаби асосии ин ҳолатро таҳлилгарон дар такяи аъзои асосии созмон -- Русия ва Чин ба манофеи хос ва роҳҳои вижаи хеш мебинанд. Умумияти онҳо танҳо дар ин аст, ки аксари барномаҳояшонро аз тариқи равобити дуҷониба ё ҳадди аксар сеҷониба роҳандозӣ мекунанд. Чунончӣ, дар тамринҳои ахири ҳарбӣ дар Чин, танҳо Чин ва Тоҷикистону Қирғизистон ширкат доштанд ва Русия паёмҳои аслии хешро ба воситаи ниҳодҳои дигар, аз ҷумла Паймони амнияти дастиҷамъии кишварҳои ҳамсуд мефиристад.
"ЧИН АЗ ҲАМА БЕШТАР АЗ СҲШ МАНФИАТ БУРД"
Ба қавли муовини раиси Маркази стротегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, яке аз ҳадафҳои аслии ин созмон, ки шояд ба ҳамин хотир таъсис дода шуда буд, ҳалли баҳсҳои марзии кишварҳои узв бо Чин буд, ки комёбона ба поён расид: «Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, Чин тавонист бо кишварҳои узв-Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ниҳоят бо Тоҷикистон баҳси таърихии худ дар масъалаи тақсими марзро ҳал кунад. Ва ин баҳс дар соли 2010-ум ба поён расид.»
Ҳоло, зоҳиран, Созмони ҳамкориҳои Шонҳой барномаи мушаххаси амал надорад ва бештар ба оянда нигаронида шудааст. Ба даврае, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аз Афғонистон бароянд ва Чин ба абарқудрати сафи аввали ҷаҳон табдил ёбад.
Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон Қирғизистон ва Чин аъзои ин созмон буда Ирону Покистону Ҳиндустон ва Муғулистон ба ҳайси нозир дар нишастҳои ин Созмон ширкат доранд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки шояд дар оянда бархе аз кишварҳои нозир ба СҲШ пайванданд.