Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати чаҳор номзад дар ҳавзаи "доғ"-и Сино


Қарор аст, рӯзи якшанбе дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе интихоботи миёндаврии вакили МН баргузор шавад.

Дар ин корзори интихоботӣ чаҳор номзад ба шумули, номзади ҲХД, ҲА ва ду номзади мустақил сабти ном шудаанд. ҲНИТ ба нишони эътироз аз ворид нашудани намояндагонаш ба ҳайати комиссияҳои раъйшуморӣ аз ширкат дар интихобот сарфи назар кард.

"ПАЙКОР"-И ЧАҲОР ТАН БАРОИ ЯК КУРСӢ

Акнун барномаҳои мулоқоти номзадҳо ба интихобокунандагон ба поён расидааст, агарчанд номзадҳо барои таблиғ танҳо рӯзи ҷумъаро дар ихтиёр доранд.

Комисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, варақаҳои райъдиҳӣ барои интихоботи вакили МН аз ҳавзаи интихоботии Сино дар шаҳри Душанберо таҳия намуда ва ин варақаҳо дар ихтиёри қитъаҳои раъйгирӣ қарор дода шудаанд. Ҳавзаи интихоботии Сино дар шаҳри Душанбе 70 ҳазор интихобкунанда дорад. Ва охирин мулоқоти чаҳор довталаб барои дастёбӣ ба курсии вакили парлумон аз ин ҳавза низ рӯзи панҷшанбе доир шуд. Ва акнун суоле, ки боқӣ мондааст ин аст, ки оё интихобот шаффоф баргузор хоҳад шуд ва механизми ҳимояи овози ҷонибдорони номзадҳо вуҷуд дорад?

НИГАРОНИҲО АЗ ТАҚАЛЛУБ

Бо таваҷҷӯҳ ба интихоботҳои гузашта, дар ду рӯзи боқимонда то интихобот барои номзадҳо ҳамроҳ бо нигаронӣ аз тақаллуб аст. Зеро ба қавли коршиносон, интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон ба ҳар навъе ба нафъи ҳизби ҳоким дасткорӣ шудааст.

Аммо Абдураҳмон Абдуманнонов, сухангӯи КМИР мегӯяд, ҳамаи корҳои муқаддамотӣ барои баргузории интихобот анҷом шуда ва ҷое барои нигаронӣ аз тақаллуб ҳам вуҷуд надорад ва шикояте ҳам зарфи як моҳи маъракаи таблиғотӣ аз сӯи номзадҳо ворид нашудааст. Оқои Абдуманнонов мегӯяд: «Ҳавза пурра гуфтан мумкин аст, ки барои гузаронидани интихобот омода аст. Ҳар камбудиву норасоие, ки буд, масъулини камисиюн ду бору се бор рафта ҳамаро ислоҳ карданд. Варақаҳо нашр шуд ва ба ҳавза бурда шудааст, ягон шикояти усулие то кунун аз сӯи номзадҳо сабт нашудааст.»

ЧАРО ЯК МАСЪУЛИ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТ ИХРОҶ ШУД?

Ин дар ҳолест, ки камисиюни ҳавзаи интихоботии Сино қабл аз ин эълон карда буд, ки як масъули қитъаи интихоботии рақами 20-ро ба далели таблиғот ба нафъи номзади ҲХД ҳоким Амирқул Азимов, аз узвияти ин комисиюн ихроҷ кардааст. Ин иқдоми масъулини ҳавзаи интихоботии Сино аз сӯи таҳлилгарон ба ҳар навъе ташреҳ мешавад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР
Бархе ба ин боваранд, ки чунин иқдом дар ростои ваъдаи баргузории интихоботи шаффоф аз сӯи раҳбари нави КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён қобили арзёбӣ аст. Бархе ҳам онро як навъ намоишкорӣ барои фиреби назарҳо унвон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз мақомоти маҳаллӣ ва масъулини ҳавзаҳои раъйгирӣ, то кунун ба рағми интихоботҳои гузашта мудохилаи хоси ниҳодҳои давлатӣ ба умури интихобот маҳсус нест. Яъне ҳанӯз дастури хосе ба масъулини интихоботӣ дар маҳалҳо барои ин, ки чӣ касе бояд ҳатман вакил шавад нарасидааст.

НОБОВАРИҲО БА ШАФФОФИЯТ ДАР ИНТИХОБОТ

Аммо ба назар мерасад, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар зери таъсири интихоботҳои гузашта наметавонад на ба ваъдаи масъулин бовар кунад ва на интихоботи бидуни тақаллубро тасаввур намояд.

Марат Мамадошев, таҳлигари тоҷик мегӯяд, ба осонӣ наметавон ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон бовар кард.

Оқои Мамадшоев мегӯяд: «Хеле мушкил аст, бовар кунам, ки интихобот озод ва демократӣ ва одилона доир мешавад, зеро ҳамаи интихоботҳое, ки дар гузашта доир шуданд, посухгӯи ин меъёрҳо набуданд. Иттифоқеро, ки рух дод ва шоҳид будем, ки як масъули интихобот
Марат Мамадошев, таҳлигари тоҷик
барои кӯшиши таблиғот ба нафъи номзади ҳизби ҲХД аз ҳавза хориҷ шуд, онро бояд истиқбол намуд. Аммо ман аҳамияти хос ва усулие ба он қоил нестам».


Зарфи як моҳ чаҳор номзад, Амирқул Азимов, номзади ҲХД, Музаффар Мирзоев, намояндаи ҲАТ ва Толибшоҳ Саидзода, муҳаррири нашрияи «Миллат» бо Сафарбек Манонов, муовини сарпизишки беморхонаи Қарияи Боло номзадҳои мустақил, барои касби ҳимояти интихобкунандагон тамоми имконоти ихтиёрашонро истифода намуда ва часпу талош варзиданд.

ҲНИТ ИШТИРОК НАКАРД, ИМА ҲАМ НАЗОРАТ НАМЕКУНАД

Масъулин ҳавзаи интихоботии Сино мегӯянд, барои назорат ба интихоботи рӯзи 15-уми май нозирони ҷонибдори номзадҳои мустақил ва инчунин нозирони байналмилалӣ сабти ном шудаанд.

ҲНИТ ба нишони эътироз барои он, ки ҷонибдоронашро ба узвияти қитъаҳои райъшуморӣ ворид накарданд, аз ширкат дар интихобот сарфи назар намуд. Масъулини КМИР мегӯянд, ба думболи ин иқдоми ҲНИТ, сафорати ИМА дар Тоҷикистон низ намояндагони худро, ки барои назорати интихобот муаррифӣ намдуа буд, фаро хонд. Ба назари коршиносон, шояд ИМА ҳамаи чаҳор номзади сабти номшударо омилон ё ҷонибдорони ҳукумат медонад ва назорати интихоботро амри беҳуда донистааст.
XS
SM
MD
LG