Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" дар Душанбе


Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, дар Ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Эрону Озарбойҷон ва Узбакистон иштирок надоранд.

Агарчӣ ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, гурӯҳҳои ҳунарӣ аз ҳар сеи ин кишвар барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" даъват шуда буданд.
Аз соли 1999 ба ин ҷониб, бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 12-уми май ба унвони рӯзи "Шашмақом" таҷлил мешавад...


Ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва садсолагии Фазлиддин Шаҳобов рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва то рӯзи 14-уми май идома хоҳад кард.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар оғози ин ҷашнвора, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, гуфт, ки "фестивал-симпозиуми байналмилалии "Шашмақом" аз силсилаи чорабиниҳои муҳими фарҳангист, ки ба санаи тақдирсози миллати тоҷик, яъне 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст."

Ҳамчунин, дар ҷашнвораи имсолаи "Шашмақом" китоби сеҷилдаи тозанашри Фароғат Азизӣ, донишманди тоҷик ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон оид ба мактаби эҷодӣ ва ҳунари нотакрори устоди "Шашмақом" Фазлиддин Шаҳобов низ муаррифӣ шуд.

Фароғат Азизӣ
Фароғат Азизӣ, муаллифи ин китоб ва яке аз дастандаркорони баргузории ҷашнвораи "Шашмақом" дар шаҳри Душанбе, дар бораи вижагиҳои ҷашнвораи имсолаи "Шашмақом" дар сӯҳбати чанд рӯзи пешаш ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Вижагиҳои аслии фестивали имсолаи "Шашмақом" дар Тоҷикистон, аввал ин, ки он ба 20 солагии истиқлолияти кишварамон бахшида шудааст ва дигар ин, ки мо 100-солагии устоди "Шашмақом", яке аз асосгузорони ин ҳунари волову қадимии мо, устод Фазлиддин Шаҳобовро низ ҷашн мегирем. Мутаассифона на ҳамаи олимоне, ки ба мо маърӯзаҳои худро фиристодаанд, иширок карда метавонанд.

Аз соли 1999 ба ин ҷониб, бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 12-уми май ба унвони рӯзи "Шашмақом" таҷлил мешавад. Ин иқдом ба манзури ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикӣ ва тақвияти мактаб ва ҳунари мақомхонӣ амалӣ шудааст.

Шашмақом аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Тибқи манобеи таърихӣ, зодгоҳи "Шашмақом" шаҳри Бухоро, бунёдгузораш тоҷикон, созаш танбӯр ва Бобо Ҷамол, Бобо Ғиёс, Домулло Ҳалим, Леви Бобохон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз аз саромадонаш ба шумор меоянд. Матни сурудаҳои "Шашмақом" аз назми форсу тоҷик ба вуҷуд омадааст.

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯи кор омадааст. Оҳангҳо ва сурудҳои "Шашамақом"-ро Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов, се донишманди мусиқии тоҷик дар панҷ чилд ба риштаи адвор ё нота кашида, ба ин шоҳасар умри дубора бахшиданд.

Дар мусиқии "Шашмақом"-и асри гузаштаву имрӯз устодони мақом Нериё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Қумрӣ Қодирова, Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон саҳми бузург доранд.
XS
SM
MD
LG