Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори покистонӣ дар Пешовар террор шуд


Насрулло Афридӣ
Насрулло Афридӣ
Насрулло Афридӣ-рӯзноманигори покистонӣ дар инфиҷори мошини бамгузоришуда дар шаҳри Пешовари Покистон кушта шуд. Бами коргузошта замоне мунфаҷир шуд, ки вай вориди мошинаш шуд. Ин ҳодиса дар назди бозор рух дод. Афридӣ барои рӯзномаи урдузабони “Машриқ” кор мекард. Вай 30 сол дошт. Миён Ифтихор-вазири иттилооти вилояти Хайбар Пахтунхво гуфт, ин инфиҷор ҳадафмандона тарҳрезӣ шудааст ва рӯзноманигорон барои он ҳадаф қарор мегиранд, ки онҳо ҳақиқатро менависанд.
XS
SM
MD
LG