Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИД аз домани ҷавонон мегирад


80 дарсади сироятёфтагон дар кишварҳои ИДМ, нерӯи корӣ буда, 75 дарсади онҳоро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аксарият СПИД ё вируси норасоии масунияти баданро бемории "дигарон", яъне нашъамандон ва афроди пешбарандаи зиндагии бенизоми ҷинсӣ унвон мекунанд.
Натиҷаҳои як назарсанҷии ахир муайян кардааст, ки муносибати аксарият нисбат ба афроди бемор дар коргоҳҳо ҳамоно тағйир накардааст. Ҳудуди 50 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз ҳамкорони бемори худ ҳазар мекунанду бояд ин гурӯҳи одамон аз кор ронда шаванд...


Тибқи омор ҳам, беш аз нисфи гирифторони бемории СПИД тариқи сӯзандору ва қариб 30 дарсади дигар аз тариқи робитаи ҷинсӣ гирифтори ВИЧ шудаанд. Аммо таҳлилҳо нишон додааст, ки хатари олудашавӣ ба сирояти СПИД дар ҳама соҳаҳо ва касбу кори гуногун, аз ҷумла дар сохтмон ҳам кам набудааст.

Бар асоси омори ҷаҳонӣ ҳудуди 40 миллион нафаре, ки ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудаанд, дар бахшҳои мухталифи иқтисод фаъолияти корӣ доранд. Аз ин ҷост, ки ахиран Созмони ҷаҳонии кор чиҳати боло бурдани огоҳии сохтору корфармоён дар роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ ва таъмини солимии кормандон давраҳои кӯтоҳмудати омӯзиширо ба роҳ монд.

Собир Аминов, ҳамоҳангсози созмони байналмилаллии меҳнат дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз ташкили ин ҳамоиши минтақавӣ бо ҷалби диққати корфармоён ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ба ин масъала, фароҳам овардани шароити бехатари корӣ аст.



"СПИД ДАР ҲАМА ҶОСТ..."

"Ҳаст ҷойҳои корие, ки дар он ҷой хатар баланд аст, барои мисол ҷойҳое, ки бо буридани ягон металу маводи сохтмонӣ кор мебаранд. Ҳаст ҷойҳое, ки дар онҳо хатар камтар аст, масалан коргоҳҳое, ки бештар бо комютер кор мекунӣ. Аммо ба ҳар сурат, дар ҳама корхонаҳо қабл аз ҳама бояд шароити хуби бехатарӣ барои саломатии кормандон ба роҳ монда шавад",-афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон борҳо масъалаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории вируси норасоии масунияти баданро бо раҳбарони созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯҳониён баҳс кардаанд...
Ба гуфтаи масъулин, аз сабабе, ки кормандони соҳаи тиб бештар бо хун тамос доранду хатари гирфторшавии онҳо ба бемории СПИД зиёд аст, солҳои ахир таваҷҷӯҳи аслӣ маҳз ба ин самт равона шуда, шароити бехатариро дар соҳаи тиб бештар ба роҳ мондаанд.

Аммо ба гуфтаи Рухшона Ашӯрова: "Ҳоло дар аксар корхонаҳо диққат бештар ҳоло ба техникаи бехатарии зидди сухтор ва дастгоҳҳои электрикӣ равона шудааст. Лекин масъалаи пешгирӣ аз СПИД ҳатто бардошта намешавад. Фикр мекунанд, ки сирояти ВИЧ бештар ба шахсони нашъаманду фоҳишаҳо хатар дорад ва ба онҳо дахл надоранд. Вале хатар дар он аст, ки вируси норасоии масъунияти бадан дар чанд сол аз худ дарак намедиҳад ва аломати зоҳирӣ ҳам надорад."

ВАЗИФАИ КОРФАРМО

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба қавли хонум Рухшона аксари нафарони олуда ба вируси норасоии масунияти бадан қобилияти хуби корӣ доранд ва метавонанд, ҳуқуқ доранд, бидуни ошкорсозии бемории худ дар соҳаҳои мухталиф фаъолият дошта бошанд.



Хориҷ кардани корманди бемор аз кор ҳам амали ғайриқонунӣ аст. Корфармоён бояд танҳо вобаста ба шакли кор ба кормандон ҳама шароитҳои зарурӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сирояти Вич-СПИД фароҳам оварда, дар боло бурдани сатҳи огоҳии кормандон оид ба ин беморӣ мусоидат кунанд.

Вай афзуд, "барои он, ки шахс тавонад бехатарии худро риоя кунад вай ҳатман бояд шароит ва маълумот дошта бошад. Таъмини кормандон бо маводҳои пешгирикунанда ва афзудани дониши онҳо оид ба ин беморӣ вазифаи аслии корфармо аст. Дар ҳар маврид шахс бояд пеш аз ҳама қоидаҳои бехатариро донад, барои мисол дар бораи он, ки кадом маврид бо хуни шахси бегона тамос кардан мумкин аст ва барои ин ҳатман бояд аз воситаҳои бехатарӣ дастпӯшакҳо, айнак, бинибанд истифода кард."

"ҲАЗАР МЕКУНАНД"

Бо тасвиби як санади вижа Созмонии ҷаҳонии кор оид ба масъалаҳои СПИД дар соҳаи меҳнат, тамғагузорӣ, табъиз, аз кори хориҷ кардани афроди мубтало ба ВИЧ-ро маҳкум кардааст. Аммо гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҳастанд ҳолатҳое, ки бо сабаби беморӣ, сироятёфтагон ба кор қабул намешаванд.

Натиҷаҳои як назарсанҷии ахир ҳам, муайян кардааст, ки муносибати аксарият нисбат ба афроди бемор дар коргоҳҳо ҳамоно тағйир накардааст ва ҳудуди 50 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз ҳамкорони бемори худ ҳазар мекунанду бояд ин гурӯҳи одамон аз кор ронда шаванд.

Бо ин ҳол оморӣ расмӣ аз он ҳикоят мекунад, ки дар Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2011, 3 ҳазору 51 нафар бо ҷисми олуда ба вируси норасоии масунияти бадан ё Вич-СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 80 дарсади онҳо ҷавонон, нерӯи аслии корианд.
XS
SM
MD
LG