Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи даъвати баҳорӣ 85,5 фоиз иҷро шудааст


Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафҳои артиши Тоҷикистон алакай 85,5 дарсад иҷро шудааст. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев гуфт, ин нақша дар 15 ноҳия алакай комилан иҷро шудааст. Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май идома хоҳад кард. Дар ҳар даъват, ба ҳисоби вазорати дифоъ, 15-16 000 ҷавони аз 18 то 27-сола ба артиш сафарбар мешаванд. Аммо ҷамъи ҷавонони синни даъватӣ дар Тоҷикистон то 600 000 нафар баровард мешавад, ки тақрибан 150 000 тани онҳо ба далели донишҷӯӣ ё маълулӣ аз хидмати низомӣ имтиёз дошта, даҳҳо ҳазори дигар ба хотири нарафтан ба хидмати артиш худро ба дарёи муҳоҷират мезананд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG