Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ дар Доҳа тарҳи масҷидро баррасӣ кардааст


Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки ба хотири ширкат дар Форуми 11-уми демократияву рушд ва тиҷорати озод дар Доҳа ба сар мебарад, дар ҳошияи ин ҳамоиш бо сарвазир ва вазири хориҷаи Қатар Ҳамад ал-Танӣ мулоқот кардааст. Бино ба гузориши «Азия Плюс», оқои Зарифӣ дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷонибаи Қатару Тоҷикистонро баррасӣ ва ба иҷрои ҳарчӣ зудтари тарҳҳои Қатар дар Тоҷикистон даъват кардааст. Як мавзӯъи матраҳшуда тарҳи бунёди бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбест, ки қарор аст, ширкати қатарии «Диёр» бисозад. Ин масҷид тавони гунҷоиши то 50 0000 намозгузорро хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG