Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти набардҳои Қандаҳор


Дар Қандаҳори Афғонистон аз анҷоми ду рӯзи рӯёрӯиҳо бо ҷангиёни толиб хабар медиҳанд.

Ин набардҳо рӯзи шанбе, 7-уми май, вақте оғоз ёфт, ки ҷангиёни мусаллаҳ бо камарбандҳои интиҳорӣ ва мусалсалу хумпораандозҳо ба идораҳои давлатӣ дар саросари шаҳри Қандаҳор ҳамла бурданд.
Қарор аст, аз моҳи июн раванди таҳвили масъулияти таъмини амният аз нерӯҳои эътилоф ба нерӯҳои афғон шурӯъ шавад...


Даргириҳои пароканда рӯзи якшанбе, 8-уми май, низ идома дошт, вале мақомот мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ охирин ҷангии сангаргирифта дар яке аз меҳмонсароҳои Қандаҳорро шоми дирӯз ба қатл расонида, бо ҳамин ба ин рӯёрӯиҳо поён додаанд.

Қандаҳор зодгоҳи ҷунбиши Толибон ба шумор меояд ва ба ҳисоби муқаддамотии мақомот, тайи ду рӯзи набардҳо барои ин шаҳр 4 тан аз нерӯҳои амниятии Афғонистон ва 27 чирикӣ кушта шудаанд.

Ҳамлаи чирикиҳои мусаллаҳ ба Қандаҳор замоне рух дод, ки ҷунбиши Толибон ҳафтае қабл бо эълони шурӯи амалиёти баҳории худ дар саросари Афғонистон бо номи "Бадр" мардуми мулкиро ҳушдор дода буд, ки аз ҳузур дар маконҳое, ки метавонанд ҳадафи ҳамла қарор бигиранд, чун маҳалли таҷаммӯи издиҳом ва пойгоҳҳои ҳавоиву низомӣ канораҷӯӣ кунанд.

Манобеи ғарбӣ низ аз қабл ҳушдор дода буданд, ки ба зудӣ бояд мунтазири мавҷи нави ҳамлаҳои чирикиҳои толиб дар Афғонистон шуд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки қарор аст, аз моҳи июн раванди таҳвили масъулияти таъмини амният аз нерӯҳои эътилоф ба нерӯҳои афғон шурӯъ шавад. Интизор меравад, нерӯҳои маҳаллӣ ибтидо масъулияти таъмини амният дар 7 минтақаи Афғонистонро бар дӯш бигиранд, ки мушкилзотаринаш вилояти ошӯбзадаи Ҳилманд аст.

Перомуни ҷузъиёти набардҳои Қандаҳор гуфтугӯе доштем бо хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Кобул, Брешно Назарӣ.

XS
SM
MD
LG