Наото Кан-нахусатвазири Ҷопон имрӯз гуфт, ҳукумати кишвараш мехоҳад ниругоҳи ҳастаии Ҳамаокаро дар ҷануби ғарби Токио бибандад, зеро он ба минтақаи хатарноки зилзилахез наздик аст. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки 8 ҳафта пеш зилзилаи шадид ва сунамӣ ниругоҳи ҳастаии Фукушимаро дар Ҷопон хароб кард ва он дар 25 соли ахир баъд аз фоҷеаи Чернобил мудҳиштарин фоҷеаи ҳастаии ҷаҳон ба шумор меравад.