Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти муассиси "Пайкон"

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ амри қатъи фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистиро содир намуд.

Ин тасмими додгоҳ дар пайи даъвои вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи муассиси ҳафтаномаи "Пайкон" сурат гирифтааст.

Ин марказ соли 2009 таъсис ёфта ва муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ҳафтаномае, ки акнун мисли муассисаш ба он хатари басташавӣ таҳдид мекунад. “Пайкон”-ро пеш аз ин муассисаи давлатии “Тоҷикстандарт” бо иттиҳоми паст задани эътибораш ба додгоҳ кашид ва аз он 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн хост.

Ҷуброне, ки додгоҳи Тоҷикистон амр додааст, ба “Тоҷикстандарт” пардохта шавад. Дар сӯҳбате, ки бо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Бюрои таҳқиқоти журналистӣ доштам, аз ӯ нахуст пурсидам додгоҳ бо назардошти кадом ваҷҳу далел амр дод, то фаъолияти марказ мамнӯъ карда шавад:


  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

​
XS
SM
MD
LG