Генерали аршади Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, кушта шудани Усома бин Лодинро метавонад ба вазъ дар Афғонистон таъсири азим гузорад. Генерал-майори нерӯҳои дарёии Амрико Ричард Милс дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, иттилое, ки аз манзили бин Лодин ба даст омадааст, барои нерӯҳои Амрико дар ҷанги зидди Толибон як ганҷи иктишофист. Вай афзуд, ин маълумот ба ҳадафҳоеро дар Афғонистон ошкор мекунад, аммо таъсири нобуд шудани раҳбарият дертар, то поёни сол бо аз байн рафтани тавонмандиҳо падидор хоҳад шуд. Усома бин Лодин рӯзи душанбе дар Абботободи Покистон аз тарафи дастаи вижаи нерӯҳои Амрико ба қатл расид.