Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Италия хостори қатъи хушунат дар Сурия шуданд


Иёлоти Муттаҳида ва Италия ба қатъи фаврии хушунатҳои ҳукумати Сурия алайҳи тазоҳуркунандагон даъват карданд. Вазири умури хориҷии Италия, Франко Фратинӣ дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоии худ, Ҳилларӣ Клинтон, гуфт, режими Сурия бояд роҳи муколама бо эътирозгаронро пайдо кунад. Клинтон гуфт, Сурия бояд ба саркӯбгарӣ хотима гузорад ва Созмони Милал ба таҳқиқи хушунатҳо оғоз намояд. Дар ин миён, артиши Сурия ба хуруҷ аз шаҳри даръо, яке аз марказҳои эътирозгарон шурӯъ кардааст. Дар эътирозҳое, ки аз 25-уми апрел ба ин сӯ дар Сурия оғоз ёфтаанд, то ҳоло, бино бар хабарҳо, 560 нафар ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG