Ахиран филми коргардони тоҷик Носир Саидов, «Қиёми рӯз» дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро ба даст овард. Ин ҷоиза барои беҳтарини кори коргардонӣ ба ин филм дода шудааст.
ПАРВОЗИ БАЛАНДИ "ҚИЁМИ РӮЗ"
Ин дар ҳолест, ки дар ин ҷашнвора 266 номгӯ аз филмҳои таҳиягарони синамои ҷаҳонӣ пешниҳод шуда буд. То кунун «Қиёми рӯз», дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Ҷопону Русия, Ҳинду Итолиё ва Ҳуланд ширкат карда ва ҷоизаҳоеро ба даст овардааст. Аммо ин бори дуввум аст, ки филми «Қиёми рӯз» ба Эрон меравад. Зеро моҳе қабл ин филми синамогарони тоҷик дар ҷашнвораи даҳаи Фаҷр иштирок карда буд.
Носир Саидов, коргардони филми «Қиёми рӯз» дар сӯҳбат бо РО аз ширкат дар ин ҷашнвораҳо, ба хусус ҷашнвораи «Кеш» истиқбол кард ва гуфт: «мояи хушҳолист, ки «Қиёми рӯз» аз миёни садҳо филми пешниҳодшуда дар ин тадбири муҳим, соҳиби ҷоиза ва он ҳам барои беҳтарин кори коргардониро ноил шуд.»
"СИНАМОИ ТОҶИК БО ЭРОН ҚИЁСНАШАВАНДА АСТ"
Аммо бо ин ҳам ҷаноби Саидов бар ин назар аст, ки синамои Эрон бо Тоҷикистон қиёснашаванда аст. Зеро ба гуфтаи вай дар Эрон дар як сол танҳо 120 филми ҳунарӣ тавлид мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар Эрон шаҳрчаи синамо мавҷуд аст ва дар ин макон тамомии имконот ва шароит барои филмбардорон фароҳам мебошад.
Бо он, ки синамогарони тоҷик дорои чунин маконе нестанд, аммо Носир Саидов мӯътақид аст, ки табиати Тоҷикистон дар муддати 12 моҳ фазои муносиберо барои филмбардорӣ дорад. Аммо ба таъкиди ин коргардони тоҷик, танҳо мушкилоти молӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, монеъи рушди синамо ва филмофарӣ дар Тоҷикистон гардидаст.
ФИЛМИ САИДОВ ВА ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун Носир Саидов ният дорад то ба зудтарин фурсат ба наворбардории дуввумин филми ҳунарӣ ва он ҳам дар плёнкаи 3 5 милиметрӣ шурӯъ кунад. Ҳарчанд ҷаноби Саидов нахост то номи ин филм ошкор шавад, аммо гуфт, ки мӯҳтавои филми дуввум дар масоили муносибати падару писар аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар ҷомеаи Тоҷикистон қабули лоиҳаи «Қонуни ҷадид дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» матраҳ аст. Носир Саидов низ мегӯяд, албатта то ҷое ин нияташ ба мӯҳтавои ин лоиҳаи қонун рабт дорад, аммо мехоҳад то проблемаеро рӯи навор орад, ки тамошобин тамошо кунад ва онро бипазирад.
МУШКИЛОТИ ФИЛМСОЗОНИ ТОҶИК
Дар ҳамин ҳол қарор буд, ки Ҷопон барои наворгирии ин филм маблағ ихтисос бидиҳад, аммо Носир Саидов, мегӯяд, офати табие, ки дар ин кишвар рух дод ва мардуми ин кишвар худ ба кӯмак ниёз доранд, ба ин далел умедворанд то аз дигар сарчашмаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ маблағ дарёфт кунанд.
Аз Носир Саидов пурсида шуд, ки оё бовар дорад, ки филми дувваш битавонад чун «Қиёми рӯз» ба истилоҳ «ҷаҳонгир» шавад, яъне дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷоизаҳо гардад, гуфт: «барои ман нахуст сохтани филм муҳим аст. Чун ҳоло дар фикри он ҳастам, ки ин филмро чӣ гуна бисозам, то тамошобин дӯсташ бидорад ва қабул кунад. Агар ба тамошобин писанд омад, пас метавонад дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷоиза гардад.»
Зимнан, ба таъкиди Носир Саидов, маҳалли наворгирии ин филм омода шудааст ва интизор меравад, ки он дар дохили Тоҷикистон таҳия шавад.

Чанд сол боз ин роҳбар маъқул нест, вай роҳбар маъқул нест , гузарондед акнун. Мисли қирғиз рушд дар ҳиҷову доим талаби барканорӣ
Барои чи дар давраи райосати файзов вазият тинч буд? Мн ах он дарак медихад, ки раиси кунуни аз мардум ва барои мардум нест. Президент бояд хубаш уро ва раиси шахрро аз вазифа дур кунад
Халк дар азоб бе сохиби, мардум дар гариби чон мекананд ки пул рои кунам ба курсе ки 1000 рубл 194 сомон шудааст ба мардум 162 то 167 сомон медихан . Мардум аз кучо тарафдори кунад шумоёнро урток давлатдоро.
дигар сухан карда намешад да ин давлат - худо накарда як хукуматира танкид кунед... тамоми авлодта нест мекунан - ай сталин бадтар шудай ин ахвол
инхо хама кумунистхое астан ки дар он даврон натонистан ба макоме расанд - акнун аз беконунию бечорагии халк истифода мекунанду худшона ба курси баста мондаанд - курсиро факат бо хун ва бо чанг холи мекунанд; кайфу сафо мекунанд вакте ки 90 фоизи халк нимгурусна хоб мераван, офшорхисобхо бо миллиардхо доллар доранд вакте ки маощи миена 100 долар аст дар кишварощон... аз хама аламовараш халк мисли муш тарсончак шудааст - хатто аз танкид метарсанд.