Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 24-уми март ба вилояти Суғд сафар кард. Сомонаи расмии раиси ҷумҳур, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғдро мушорикат дар барномаҳои наврӯзӣ ва ифтитоҳи як зумра иншоотҳои сохтмонӣ унвон кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ибтидо ба шаҳри Чкалов ташриф оварда, дар ифтитоҳи бинои сеқабатаи истиқоматӣ барои 81 афсари Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок намудааст. Оқои Раҳмон ҳамчунин дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои Маркази нави фарҳангӣ ва қасри варзишӣ, ки яке бо 2 ҳазор ҷойи нишаст дувумин бо 3 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд, оғоз бахшидааст.

Қарор аст раиси ҷумҳур зимни ин сафар бо ақшори гуногуни ҷомеа мулоқотҳо анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG