Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Португалия қурбони буҳрон шуд


Жозе Сократес
Сарвазири Португалия Жозе Сократес дар пайи аз сӯи парлумон радд шудани даври чоруми тадобири зиддибуҳронии кобинаи ақалияташ истеъфо дод. Сократес дар як паёми телевизионӣ гуфт, “мухолифин шароити раҳбариро барои ҳукумат аз байн бурдаанд.” Ҳамаи 5 ҳизби мухолиф алайҳи барномаи кобинаи Сократес райъ доданд. Буҳрони кобина дар Португалия дар остонаи нишасти муҳими ИА рух дод, ки бояд мавзӯъи таҳкими сандуқи наҷоти ин созмон барои баъди соли 2013 ва иқдомоти дигар ба хотири эҳёи эътимоди сармоягузорон ба иқтисоди аъзои заифи минтақаи евро, бо шумули Португалияро баррасӣ мекард. Сократес талош дошт, касри будҷаро аз 7,3 дарсади соли гузашта имсол то 4,6 дарсад пойин биорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG