Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйдодҳои муҳими имрӯз, 24 март


Имрӯз, 24 март, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба Русия сафар мекунад. Имрӯз боздиди дурӯзаи муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк аз Қазоқистон шурӯъ мешавад. Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович имрӯз силсиласафараш ба Осиёро аз дидори Ветнам оғоз мекунад. Имрӯз, 24 март, солгарди бомббори Югославия аз сӯи нирӯҳои НАТО дар соли 1999 ва ҳам солгарди шашуми “инқилоби лолаҳо”-и Қирғизистон аст, ки дар баҳори соли 2005 давлати Аскар Оқоевро суқут дод ва Қурмонбек Боқиевро ба сари қудрат овард, то баъди 5 сол тавассути як инқилобе дигар боз сарнагун шавад. Ва ҳам 24 март дар тақвим Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории қаттоли сил аст.
XS
SM
MD
LG