Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рӯзи сиёҳ”-и Кучма


Леонид Кучма, собиқ раисҷумҳури Украина
Леонид Кучма, собиқ раисҷумҳури Украина

Додситонии кулли Украина раисҷумҳури собиқи ин кишвар Леонид Кучмаро мавриди бозпурсӣ қарор додааст.

Додситонии Украина расман ба маҳзи нақше, ки Леонид Кучма дар қатли 11 сол пеши хабарнигори мухолиф Ҳеорҳий Гонгадзе бозӣ кардааст, алайҳи раисиҷумҳури собиқи Украина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ифтитоҳи парванда алайҳи Леонид Кучма пирӯзии мухолифини ӯст, ки 10 сол ба ин сӯ эҳзори вай ба додгоҳро талаб мекарданд...


Рабудани Гонгадзе ва аз тан ҷудо кардани сари ӯ дар соли 2000 аз пурсарусадотарин парвандаҳо дар таърихи пасошӯравии Украина маҳсуб мешавад.

Ифтитоҳи ғайриинтизори парванда алайҳи Кучма умедҳоро барои билохира кушода шудани асрори то ҳол сарпӯшидаи қазияи қатли ваҳшиёнаи Гонгадзе ва эҳзори тамоми омилони он ҷиноят ба додгоҳ дигарбора бедор мекунад.

АЙБНОМАИ ЛЕОНИД КУЧМА

Ренат Кузмин, муовини додситони кулли Украина
Муовини додситони кулли Украина Ренат Кузмин дирӯз дар як нишасти вижаи хабарӣ дар Киев гуфт: “Таъйид мекунам, ки дар воқеъ, алайҳи Леонид Кучма парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кучма ба сӯъистифода аз мақом, додани фармонҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти вазорати умури дохила, ки дар ниҳоят мунҷар ба қатли журналист шуд, айбдор мешавад.”

Кузмин гуфт, онҳо умедворанд, ки таҳқиқи ин парванда ба зудӣ такмил хоҳад шуд. Ӯ афзуд, то поёни таҳқиқот Леонид Кучма ҳаққи хориҷ шудан аз қаламрави Украинаро нахоҳад дошт.

Ҳеорҳий Гонгадзе, ки сомонаи интернетиаш – “Украинска правда”- аз ҳукумати вақти Кучма сахт танқид мекард, дар моҳи сентябри соли 2000 дар Киев рабуда шуд. Ҷасади аз сар бурида ва сӯзондашудаи ӯро якуним моҳ баъд аз ҷангалистоне дар ҳошияи пойтахти Украина пайдо карданд.

ПИРӮЗИИ МУХОЛИФОН


Леонид Кучмаи 72-сола ҳамеша ҳар навъ даст доштанаш дар қатли Гонгадзеро радд мекард. Ҳатто бо вуҷуди нашр шудани наворҳои садоие, ки дар он як садои хеле шабеҳ ба овози Кучма рӯирост ба қатли ин журналист амр медод.
Қаблан ду афсари дигари вазорати умури дохилии Украина низ бо ҷурми мушорикат дар қатли Ҳеорҳий Гонгадзе ҳукми зиндон гирифтанд...


Муовини додситони кулли Украина Ренат Кузмин гуфт, ин наворҳо, ки ҳуввияти гӯяндааш то ҳол расман ташхис нашудааст, акнун ба ҳайси далели шайъӣ дар ин парванда эътироф шудаанд.

Ифтитоҳи парванда алайҳи Кучма пирӯзии мухолифини ӯст, ки 10 сол ба ин сӯ эҳзори ӯ ба додгоҳро талаб мекарданд. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз таҳқиқи аъмоли Кучма истиқбол кард, вале гуфт, задани табли пирӯз то даме ки ин парванда ба додгоҳ бирасад, каме зудтар аст.

Валентина Теличенко, вакили мудофеи Мирослава, ҳамсари Гонгадзе, низ баъид медонад, ки ин таҳқиқот тамоми асрори қатли ин хабарнигорро рӯи об барорад.

"ФУРСАТИ ЗИЁДЕ АЗ ДАСТ РАФТААСТ"

Ду сол пеш генерали собиқи милиса Олексий Пукач боздошт шуда буд ва ба гуфтаи мақомот, ӯ буғӣ карда куштан ва буридани сари Гонгадзеро ба гардан гирифтааст.

Хонум Теличенко аз ин рӯ мегӯяд, Кучма низ бояд ҳанӯз 2 сол қабл, дар пайи боздошти Пукач дастгир мешуд: "Ман нисбат ба парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кучма эҳсоси чандон мусбате надорам. Ин парванда бояд ҳанӯз моҳи июли соли 2009 ба дунболи боздошти Пукач ва аз Кучмаву мансабдорони дигар ном гирифтани ӯ оғоз меёфт. Фурсати зиёде барҳадар аз даст рафт.”

Олексий Пукач феълан дар интизори шурӯи мурофиааш дар боздошт ба сар мебарад. Қаблан ду афсари дигари вазорати умури дохилаи Украина низ бо ҷурми мушорикат дар қатли Ҳеорҳий Гонгадзе ҳукми зиндон гирифтанд.

Соли гузашта муфаттишон Юрий Кравченко, вазири умури дохила дар давлати вақти Леонид Кучмаро фармоишгари қатли Гонгадзе ном бурданд. Ҷасади Кравченко 6 сол пеш аз манзилаш дар берун аз Киев кашф шуд ва расман гуфта мешавад, ки вазири собиқ худкушӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG