Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии амалиёт дар Либияро ба дӯши НАТО мегузоранд


Нерӯҳои эътилофи Амрикову Аврупо рӯзи чорум аст, ки ба ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Либия идома медиҳанд.

Ҳадафи ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои ҳавоӣ ва нерӯҳои заминии раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва ҳам пойгоҳҳои баҳриву фурудгоҳҳои ӯст.
Чину Бразилияву Русия, ки аз райъ додан ба қатъномаи Шӯрои Амният худдорӣ ва ба оташбас дар Либия даъват кардаанд...


Кохи Сафед гуфт, Амрикову Бритониё ва Фаронса дар мавриди нақши калидии сохторҳои фармондеҳии НАТО дар амалиёти низомӣ алайҳи Либия ба тавофуқ расидаанд. Аммо Қаззофӣ гуфтааст, онҳо нерӯҳои эътилофро шикаст хоҳанд дод.

Даргириҳо байни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикиҳо, бино ба хабарҳо, дар шаҳрҳои Мисротаву Зинтон ва Яфрон идома доштааст.



МАСЪУЛИЯТРО НАТО БА ДӮШ МЕГИРАД?

Қатъномаи Созмони Милал, ки ҳафтае пеш тасвиб шуд, ба хотири пешгирӣ аз идомаи қатли мардуми мулкӣ ба дасти нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ истифодаи тамоми тадобири лозим, аз ҷумла минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ кардани ҳарими ҳавоии Либияро иҷозат медод.

То кунун иҷрои ин қатънома дар дасти як эътилофи иборат аз ҳамагӣ чанд кишвар буд, вале аз чанд рӯз ба ин сӯ мавзӯи ба дасти НАТО супурдани масъулияти фармондеҳии ин эътилоф дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар дохили худи ин паймони низомӣ ва ҳамин тавр, дар ҷаҳони Араб дар мавриди нақши раҳбарии НАТО дар амалиёти Либия иттифоқи назар вуҷуд надорад.

ПОЙБАНИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛ

Андерс фоғ Расмуссен, Дабири кулли НАТО
НАТО дирӯз ҷиҳати таъмини иҷрои режими манъи фурӯши аслиҳа ба Либия тасмим гирифт ва дабири куллаш Андерс фоғ Расмуссен гуфт, аъзои паймон ба иҷрои қатъномаи СММ пойбанд боқӣ мемонанд.

Вай афзуд, "НАТО имрӯз қарор кард, то ба манзури таъмини иҷрои қарори манъи фурӯши аслиҳа ба Либия амалиётеро ба роҳ биандозад. Ҳамаи муттаҳидин ба хотири манъи хушунатҳои таҳаммулнопазир алайҳи мардуми мулкии Либия ба иҷрои масъулиятҳои худ дар қиболи қатъномаи СММ пойбанданд."

Аммо ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофӣ, ки дирӯз дар баробаре ҷамъи хурде аз тарафдоронаш дар Троблус зоҳир шуд, гуфтааст, ки онҳо дар ниҳоят пирӯз хоҳанд шуд.

ЧИН: "БӮҲРОНИ ИНСОНӢ ДАР ПАЙ ДОРАД"

Муовини вазири хориҷаи Либия Холид Қоим ҳам гуфт, амалиёти эътилоф аз ҳадди мандати СММ хориҷ рафтааст: "Феълан мо мебинем, ки нерӯҳои эътилоф ба як ҷониби ҷанг алайҳи ҳукумати қонунӣ шудаанд. Ба назари ман, онҳо хориҷ аз мандати СММ амал мекунанд. Онҳо ба як ҷониби ҷанг дар муқобили ҷониби дигар кумак мерасонанд, ки ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ буда, нокомии эътилоф дар амри мурооти мандатест, ки аз СММ гирифтаанд."

Бо ин ҳол, Чину Бразилияву Русия, ки аз райъ додан ба қатъномаи Шӯрои Амният худдорӣ ва ба оташбас дар Либия даъват кардаанд.

Пекин гуфтааст, истифодаи нерӯ дар Либия қурбонии бештар ва буҳрони инсониро дар пай хоҳад дошт. Маскав хостори оташбаси билофосила ва шурӯи музокироти сиёсист. Туркия, танҳо кишвари мусалмонии узви НАТО, мухолифи дар амалиёти Либия нақши фармондеҳиро гирифтани ин паймони низомист.
XS
SM
MD
LG