Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат вазъи мусалмонҳои Амрикоро хоҳад шунид


Дик Дурбин
Дик Дурбин
Кумитаи адлияи Сенати Амрико ҳафтаи оянда масъалаи ҳифзи ҳуқуқи мусалмонони ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Баҳси ин масъала ба рӯзи 29 март таъйин шуда, ба дунболи баррасии зиддунақизи мавзӯъи таҳдидҳои дохилии террористист, ки кумитаи амнияти дохилии Сенат рӯзи 11 март анҷом дод. Муовини раҳбари аксарияти демократии Сенат Дик Дурбин гуфт, ӯ ин иҷлосро дар посух ба “мавҷи сӯъитаҳаммули зиддимусалмоние, ки тайи як соли охир мушоҳида мешавад”, раҳбарӣ хоҳад кард. Дафтари Дурбин бо ишора ба “сӯзондани китобҳои “Қуръон”, маҳдуд кардани сохтмони масоҷид, ҷиноёти адоватомез ва шаклҳои дигари табъиз” гуфт, иҷлоси ҳафтаи оянда ба “тадобири вижаи дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандии мусалмонони Амрико” тамаркуз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG