Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Решакан кардани як боғ дар минтақаи баҳсии Чоркӯҳ


Чоркӯҳ
Чоркӯҳ
Мақомоти маҳаллии Исфара мегӯянд, нирӯҳои вижаи Қирғизистон шаби 17 март як боғи иборат аз 400 бех зардолуро дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон решакан кардаанд. Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин боғ ба хоҷагии ӯ мансуб буд ва дар харитаҳо ҳамчун қаламрави Тоҷикистон дарҷ шудааст.
Мавзеъи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз нуқоти аслии баҳсӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, дар соли 1989 ва 2008 дар ин мавзеъ байни сокинони ду сӯи марз даргириҳо низ сурат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG