Ин барнома қадами аввал дар роҳи то соли 2014 ба нерӯҳои афғон супурдани умури амниятии кишварашон аст. Ҳомиди Карзай рӯзи сешанбе ҳафт минтақаеро ном бурд, аз ҷумла як шаҳри муҳим дар ҷануби Афғонистонро, ки такягоҳи Толибон маҳсуб мешавад ва масъулияти таъмини амнияти он дар моҳи июл аз нерӯҳои НАТО ба нерӯҳои афғон дода хоҳад шуд.
АФҒОНҲО МАСЪУЛИЯТРО БАР ДӮШ МЕГИРАНД
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, нерӯҳои афғон масъулияти амниятии се вилоят ва чаҳор шаҳри кишварро бар дӯш мегиранд. Ӯ дар расми хатми гурӯҳе аз афсарони Академияи миллии низомии Афғонистон гуфт, интиқоли масъулиятҳо аз вилоятҳои Панҷшер, Бомиён ва Кобул, ба истиснои як ноҳияи он шурӯъ мешавад. Чаҳор шаҳре ки ӯ ном бурд, дар чаҳор гӯшаи Афғонистон Меҳтарлам дар шарқ, Лашкаргоҳ дар ҷануб, Ҳирот дар Ғарб ва Мазори Шариф дар шимол воқеъанд. Ҳомиди Карзай гуфт, гузариши нарми масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон ба кӯмакҳои ҷомеи ҷаҳонӣ дар амри эҳё ва мудирияти умури давлатӣ дар Афғонистон вобаста хоҳад буд.
Интиқоли масъулиятҳои амниятӣ, қадами аввал дар роҳи иҷрои барномаи НАТО ва Амрико аст, ки мехоҳанд, нерӯҳои Афғонистон то соли 2014 масъулияти амнияти кишварашонро худашон бар ӯҳда бигиранд. Оғози кор дар ҳафт минтақаи Афғонистон ба нерӯҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, тавоноиҳои худро сайқал диҳанд. Айни замон дар ноҳияҳое, ки Толибон нуфузи бештар доранд, нерӯҳои хориҷӣ масъули умури амниятӣ мемонанд, ба мисли ноҳияи ноороми шарқии Сурубӣ, ки дар наздикии як шоҳроҳ ба самти Покистон ва дар ҳамсоягии манотиқи ноороми шарқи Афғонистон воқеъ аст.
Ҳоло дар вилоятҳои ороми Панҷшер ва Бомиён, аксаран полиси маҳаллӣ масъули таъмини амният аст. Мушкили бузургтарини нерӯҳои афғон шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти нооромии ҷанубии Ҳилманд хоҳад буд. Дар ин вилоят бо вуҷуди амалиёти васеъи нерӯҳои хориҷӣ, баъзе аз ноҳияҳои дурдастро Толибон дар даст доранд.
ИСТИҚБОЛИ НАТО АЗ ЭЪЛОНИ КАРЗАЙ
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ аз эъломи Ҳомиди Карзай истиқбол кард. Ӯ зимни баёнияи расмӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, “ин иқдом марҳилаи дигаре дар сафари Афғонистон, вале на соҳили мақсуд аст.“
Андерс Фог Расмуссен, айни замон аз кишварҳои эътилофӣ хост, аз хуруҷи пеш аз мӯҳлат аз Афғонистон парҳез кунанд ва аз онҳо даъват кард, “ба хотири интиқоли ногузири” масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон кӯмак ба онҳоро идома диҳанд.
Дар Афғонистон ҳудуди 47 кишвар бештар аз 140 ҳазор сарбоз доранд ва аксарияти он кишварҳо барномаи берун кашидани нерӯҳояшонро эълом кардаанд. Интизор меравад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Афғонистон 100 ҳазор сарбоз дорад, сар аз моҳи июл теъдоде аз нерӯҳояшро аз онҷо ихроҷ кунад. Теъдоди сарбозони артиши миллии Афғонистон 152 ҳазор ва сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи вазорати умури дохилааш 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Кишварҳои донор соли гузашта тавофуқ карданд, то нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба 307 ҳазор нафар расонда шаванд, аммо Ҳомиди Карзай дар гузашта гуфтааст, танҳо теъдоди маъмурони пулис дар кишвар бояд 400 ҳазор нафар бошанд.