Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши лафзӣ байни Медведев ва Путин


Медведев
Медведев
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев изҳороти қаблии сарвазираш Владимир Путин дар мавриди иқдоми низомии кишварҳои Ғарб алайҳи режими Муаммар Қаззофиро “ғайриқобилиқабул” номид. Путин дирӯз қатъномаи Шӯрои Амниятро бо даъватҳои асримиёнагӣ ба юриши салибӣ монанд кард. Медведев аммо дар посух гуфт: “Ба ҳеҷ ваҳҷ набояд вожаҳоеро, чун “юришҳои салибӣ” ва амсоли онро, ки боиси ихтилофи байни тамаддунҳо мешавад, кор бурд. Ин ғайри қобили қабул аст. Дар сурати баръакс, ин ҳама метавонад мунҷар ба авоқиби ҳатто нисбат ба ҳозира бадтаре шавад. Ва ҳама бояд ин нуктаро дар хотир дошта бошанд.”
Путин дар он изҳороташ эътироф кард, ки давлати Қаззофӣ демократӣ нест, вале афзуд, ки ин набояд тавҷеҳ барои таҷовузи низомӣ шавад.
XS
SM
MD
LG