Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи наврӯзии донишҷӯёни тоҷик дар Амрико


Донишҷӯёну шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико мегӯянд, ки барои таҷлил аз Наврӯз омодагӣ мебинанд.

Садҳо ҳазор аз ҳамватанони мо ба маҳзи сахтии рӯзгор барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ азми мусофират мекунанд ва бисёрии онҳо ин Наврӯзро чун Наврӯзҳои гузашта дар ғурбат таҷлил мекунанд.

Бахши аъзами онҳо дар Русияанд ва ҷамъе ҳам дар хориҷаи ба истилоҳ дуртар.

Як гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки дар Вашингтон, пойтахти Амрико ва атрофи он кор ё таҳсил мекунанд, қасд доранд, имсол дар берун аз Вашингтон як ҷашни вижаву нисбат ба солҳои гузашта пуршукӯҳтари Наврӯзро барпо бикунанд.

Дар як тамоси телефонӣ аз Фирӯз Ҷанобилов, аз созмондиҳандагони ҷашни наврӯзӣ дар Вирҷинияи Амрико пурсидем, ки Наврӯзи худро онҳо кай дар куҷо ва чӣ гуна доир карданианд?

Фирӯз Ҷанобилов: "Мо рӯзи 26-ум дар як минтақаи беҳтарини Вирҷиния Наврӯзро таҷлил мекунем. Тамоми тоҷиконе, ки дар ин ҷо ҳастанд, метавонанд дар ин базми нарвӯзӣ иштирок бикуннад. Зиёда аз 150 нафар меҳмонро интизор ҳастем. Барномаи наврӯзии худро чанд рӯз пеш дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Амрико таҳия кардем. Ин барнома аз рақс, шеърхонӣ, нақли таърихи Наврӯз ба забонҳои тоҷикиву англисӣ иборат аст. Бояд бисёр шавқовар гузарад."


XS
SM
MD
LG