Вай, ки баъд аз бозгашт ба ватан ва тақрибан ним соли иқомат дар Душанбе дар аввали соли мелодӣ ба Амрико баргашт, Наврӯзро имсол низ дар Сиэттл, дар чандин ҳазор километр дурӣ аз Тоҷикистон таҷлил мекунад.
Боз як баҳори шоири бузурги мо барояш дар ғурбат фаро расид ва боз як Наврӯзи дигари ӯ Наврӯзи ғарибӣ шуд.
Аммо дар тамоси телефоние, ки бо Бозори Собир доштем, маълум мешуд, ки манзили мусофирии ӯ саропо ҳавои наврӯзӣ дорад.
Бозори Собир гуфт, имсол аҳли хонаводааш ҳатто ду табақ суманак ҳам андохтаанд.
Вай афзуд, онҳо шартҳои умдаи Наврӯз, аз ҷумла "хонатаконӣ" ва "ноншиканӣ"-ро низ ба ҷо меоранд.
СӮҲБАТИ БОЗОРИ СОБИРРО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД: