Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи нируҳои Амрикову Британия ва Фаронса ба Қаззофӣ


Нируҳои Амрико ва Аврупо аз ҳаво ва аз баҳр ҳамлаҳое анҷом додаанд, то дар чаҳорчӯбаи тасмими СММ дар бораи ҳарими ғайрипарвоз эълон кардани Либия нируҳои Муаммар Қаззофиро водор кунанд, ки ҳамлаҳои худ ба шаҳрвандон ва мухолифони Либияро қатъ кунад. Режими Қаззофӣ мегӯяд, аз замоне, ки дар рӯзи сешанбе ҳамлаи ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои Амрикову Британия ва Фаронса оғоз шудааст, 48 нафар кушта, 150 нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти Амрикову Аврупо мегӯянд, ҳадафи марҳалаи аввали амалиёт бо номи “Бомдоди Одиссей” фалаҷ сохтани нируҳои дифои ҳавоии Либия будааст. Қаззофӣ дар суханронии телевизионии худ аз мардуми Либия хост, ки бар зидди “таҷовузи истеъморӣ” ба дифоъ бархезанд:

“Ҳоло зарурате пеш омдааст, ки ҳамаи амборҳоро боз кунем ва ҳамаи мардумро бо ҳамаи навъҳои аслиҳа мусаллаҳ созем то аз истиқлол, якпорчагӣ ва ифтихори Либия дифоъ кунанд”.

Ҳавопаймоҳои низомии Фаронсаву Британия нуқтаҳоеро бомбборон кардаанд. Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки нируҳои дарёии Амрикову Британия аз киштиҳои ҷангии худ дар обҳои соҳилии Либия ба 20 нуқтаи дифои ҳавоии Либия 110 мушаки навъи Томаҳавк паррондаанд.
XS
SM
MD
LG