Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ садама дар "Фукушимо"-ро баррасӣ мекунад


Юкио Амано дар Токио
Юкио Амано дар Токио
Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) рӯзи душанбе дар робита ба садама дар нерӯгоҳи “Фукушимо” нишасти оҷили худро доир мекунад.

Ба иттилоъи ин ниҳоди СММ, қарор аст дар ин нишаст раиси Оҷонс Юкио Амано гузориш диҳад. Амано рӯзи ҷумъа вориди Токио шуд ва дар фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки "мо ин садамаро бисёр ҳам ҷиддӣ меҳисобем. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ин мушкил басо нигарон аст. Акнун муҳим аст, ки барои ҳалли он ҳамкорӣ сурат бигирад".

Дар ҳамин ҳол Оҷонси амнияти ҳастаии Ҷопон арзёбии сатҳи хатарро аз 4 то 5 дараҷа боло бурд. Волотарин дараҷаи хатар дар ин вазъ сатҳи 7 мебошад. Акнун садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо ҷиддитарин баъд аз фоҷиаи Чернобил дар 25 соли пеш арзёбӣ мешавад. Аз ин пештар МАГАТЭ низ садама дар нерӯгоҳи Фукушиморо “ҷиддитарин баъд аз садама дар нерӯгоҳи Чернобил” хонда буд.

Имрӯз ҳам талошҳои таъмини барқ барои ҳадди аққал ду реактори осебдида идома карданд. Таъмини барқ барои эҳёи системи сардсозии реакторҳо зарур аст. Ҳамзамон партоби об ба ректорҳо тавассути чархболҳо идома дорад.

Аз садама дар нерӯгоҳи Фукушимо, ки бар асари заминларза рӯх дод, дар маҷмӯъ чаҳор реактор зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG