Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Системаи сардкунии Фукушимаро ба кор меандозанд


Муҳандистони ҷопонӣ имрӯз саъй хоҳанд кард, то интиқоли нерӯи барқ ба нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, системаи хунуккунии онро ба кор андозанд, то аз гудохта шудани милаҳои сӯхти атомӣ ва ҳамингуна ихроҷи фалокатбори олудагиҳои ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунанд. Барои сардкунии реакторҳои нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ воқеъ дар 250 километрии шимоли шаҳри Токио, дирӯз аз чархболу мошинҳои обпош низ кор гирифтанд. Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, вазъ дар ин нерӯгоҳ ҳамчунон “бисёр ҷиддӣ” боқӣ мемонад, агарчӣ дар рӯзҳои гузашта ба таври чашмгир бад нашудааст. Заминларзаи қавии нӯҳ дараҷаӣ ва сунамии баъди он ба нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, садамаи сахте ворид кард ва фалокати мазкур дуввумин фалокати бадтарини ҳастаӣ баъди фоҷиаи соли 1986 дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар Украина ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG