Имрӯз Арманистону Озарбойҷон барои коҳиши ташаннуҷи муносибот байни худ зиндониёни якдигарро доду гирифт карданд. Муносиботи ин ду кишвар барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ аз солҳо ба ин сӯ сард аст. Як сарбози озариро бо як ғайринизомии арманӣ иваз карданд. Озарбойҷон ҳамчунин се сарбози асири арманиро ба кишвари севвум, ки аз он ном бурда намешавад, таслим кардааст. Доду гирифти зиндониёнро намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх назорат мекарданд.